Коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар замони пандемия

Давоми 7 моҳи аввали соли 2019 дар Тоҷикистон зиёда аз 12,5 ҳазор ҳодисаҳои ҷинояткорӣ сабт шуда буданд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 7 моҳи соли равон ин нишондиҳанда беш аз 12,2 ҳазор ҳодиса (2% коҳиш)-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, сабти ҷиноятҳои вазнин қариб 8%: аз 2,8 ҳазор дар ҳамин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми 7 моҳи аввали соли 2019 дар Тоҷикистон зиёда аз 12,5 ҳазор ҳодисаҳои ҷинояткорӣ сабт шуда буданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 7 моҳи соли равон ин нишондиҳанда беш аз 12,2 ҳазор ҳодиса (2% коҳиш)-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, сабти ҷиноятҳои вазнин қариб 8%: аз 2,8 ҳазор дар ҳамин давраи соли 2019 то ба 2,6 ҳазор дар соли равон кам шудааст.

Сабти ҳодисаҳои куштор ва суиқасд ба куштор, порагирӣ, қаллобӣ, таҷовуз ба номус ва суиқасди таҷоовуз ба номус нисбатан ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Дар шароити пандемияи коронавирус сабти далелҳои роҳзанӣ, дуздӣ, аз ҷумла дуздӣ дар хонаҳо ва ғоратгарӣ афзудааст.

Бақайдгирии ҳодисаҳои ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд ба миқдор 10,5%, ноҳияҳои тобеи марказ – 5,1% ва ВМКБ – 2,9% кам шудааст.

Баръакс, сабти далелҳои ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон ба миқдори 10,4% ва шаҳри Душанбе – 3% боло рафтааст.

Сабти делелҳои ҷинояткории иқтисодӣ аз оғози сол 14,9% коҳиш ёфтааст: аз 2 ҳазор ҳолат дар моҳҳои январ-июли соли гузашта то ба 1,7 ҳазор ҳолат дар ҳамин давраи соли равон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.