Сарвазири Ӯзбекистон: “Савдои дуҷониба ба имконоти давлатҳои мо ҷавобгӯ нест”

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни вохӯрӣ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 29 сентябр дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба як қатор пешниҳодҳо кард. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, аз ҷумла, Орипов дар бораи зарурати ояндаи наздик зиёд кардани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон то ба 1 млрд доллар изҳори […]

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни вохӯрӣ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 29 сентябр дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба як қатор пешниҳодҳо кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, аз ҷумла, Орипов дар бораи зарурати ояндаи наздик зиёд кардани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон то ба 1 млрд доллар изҳори назар кардааст.

“Савдои дуҷониба ба имконоти кишварҳои мо ҷавобгӯ нест, – гуфтааст Орипов. – Солҳои наздик мо бояд ҳаҷми онро то ба 1 млрд доллар расонем. Барои ин аз ҳама имконот бархӯрдорем, зеро захираҳои зиёди истифоданашуда дар ин самт мавҷуд аст”.

Ӯ қайд кардааст, ки соли равон бар асари сирояти коронавирус ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ коҳиш ёфта, лекин бо Тоҷикистон ба андозаи 4,3% афзуд ва 317 млн долларро ташкил дод.

Ба ақидаи сарвазири кишвари ҳамсоя, “вақти он расидааст, ки ба ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи илм ва тиб низ густариши бештар бахшида шавад”.

Абдулло Орипов инчунин пешниҳод кардааст, ки соли оянда форумҳои муштараки зиёиён ва ҷавонони ҳар ду кишвар, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гузаронида шуда, дар Душанбе як силсила консетҳои муштарак ва дигар чорабиниҳо роҳандозӣ карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.