Қатъи шабонарӯзии интиқоли оби нӯшокӣ ба қисмате аз аҳолии Душанбе

Аз соати 23:00-и имрӯз қатъи нақшавии интиқоли оби нӯшокӣ ба сокинони шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Қатъи интиколи оби нӯшокӣ ба баргузории корҳи таъмир дар шабакаҳо вобаста буда, бонавбат дар рӯзҳои гуногун интиқоли об қариб дар тамоми шаҳр қатъ мегардад. Дар ин робита аз сокинони шаҳр дархост шудааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои […]

Аз соати 23:00-и имрӯз қатъи нақшавии интиқоли оби нӯшокӣ ба сокинони шаҳри Душанбе оғоз мегардад.

Қатъи интиколи оби нӯшокӣ ба баргузории корҳи таъмир дар шабакаҳо вобаста буда, бонавбат дар рӯзҳои гуногун интиқоли об қариб дар тамоми шаҳр қатъ мегардад.

Дар ин робита аз сокинони шаҳр дархост шудааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва масъулони КВД «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳо тибқи нақша, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ба ин тариқ, имрӯз, 14 октябр аз соати 23:00 то  соати  24:00-и пагоҳ, 15 октябр интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои  42, 43, 46, 62, 64, 65, Сомон, Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад,  Фирдавсӣ  ва Н.Қарабоев 34 то 86/3-и ноҳияи Фирдавсӣ қатъ мегардад.

Дар вақту рӯзҳои дар боло зикршуда интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои зерини ноҳияи Сино низ қатъ мешавад: Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, 32, 33, 52, 53, 54  кӯчаҳои Нахимов,  Мир, Юсуф  Вафо,  Абдуҷаббор  Қаҳҳорӣ,  Пайрав  Сулаймонӣ, Тургенев,  Раҳмон  Набиев,  Ханжин,   Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ  ва шаҳраки Севостопол.

Минбаъд интиқоли шабонарӯзии оби нӯшокӣ ба қисмате аз сокинони шаҳри Душанбе рӯзҳои 21, 26 ва 29 октябр сурат мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.