Падар бо автомашина иштибоҳан духтарчаи хурдсолашро пахш намуд.

Дар ноҳияи Файзобод марди 29-сола аз беаҳамиятӣ духтарчаи хурдсолашро бо автомашинаи шахсӣ пахш кардааст, ки дар натиҷа духтарча ҷароҳати вазнин бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.  Бино ба иттилои ВКД, ҳодиса қарибиҳои шоми 14-ум рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” Илҳомиддин Мирзошарифови 31-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод аз майдончаи бозори “Хайрӣ” ба самти […]

Дар ноҳияи Файзобод марди 29-сола аз беаҳамиятӣ духтарчаи хурдсолашро бо автомашинаи шахсӣ пахш кардааст, ки дар натиҷа духтарча ҷароҳати вазнин бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. 

Бино ба иттилои ВКД, ҳодиса қарибиҳои шоми 14-ум рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” Илҳомиддин Мирзошарифови 31-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод аз майдончаи бозори “Хайрӣ” ба самти маркази ноҳияи Файзобод ҳаракат мекард.

"Ӯ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, дар майдончаи бозори мазкур духтари хурдсолаш, Бовабекзода Назираи Илҳоми 2-соларо пахш мекунад", – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, Назираи хурдсол баъди бардоштани ҷароҳати вазинин ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.