Рӯзҳои наздик обуҳавои Тоҷикистон боз сард мешавад

Рӯзҳои 23-24 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо асосан ҳавои абрнок ва ба амал омадани боришот (борон, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф) пешгӯӣ мешавад. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои дар водиҳо воқеъбуда пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа аз […]

Рӯзҳои 23-24 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо асосан ҳавои абрнок ва ба амал омадани боришот (борон, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф) пешгӯӣ мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои дар водиҳо воқеъбуда пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа аз эҳтимол дур нест.

Имрӯз, 23 сентябр дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, ҳарорат рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ обуҳавои тағйирёбанда ва аксаран бидуни боришот пешгӯйӣ шуда, гармии ҳарорати рӯзона 10-15 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ВМКБ обуҳавои абрноку аксаран бебориш дар назар буда, ҳарорат рӯзона дар ғарби вилоят 13-18 ва дар шарқи вилоят 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ борони кӯтоҳмуддат пешгӯйӣ шуда, ҳарорати рӯзона дар водиҳо ба 11-16 дараҷа гармӣ мерасад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок ва баъзан каме борон борида, ҳарорат рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.