Кумитаи андоз қарздорони асосии худро номбар кард

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷамъоварии андоз зиёда аз 646 млн сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд. Даромадҳо ба буҷет аз ҳисоби ҷамъоварии андоз дар ин давра ба ҷойи беш аз 8,1 млрд сомонии пешбинишуда наздики 7,5 млрд сомониро ташкил додаанд, ки 7,9% камтар аст, […]

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷамъоварии андоз зиёда аз 646 млн сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд.

Даромадҳо ба буҷет аз ҳисоби ҷамъоварии андоз дар ин давра ба ҷойи беш аз 8,1 млрд сомонии пешбинишуда наздики 7,5 млрд сомониро ташкил додаанд, ки 7,9% камтар аст, хабар медиҳад Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Камшавии даромад аз ҳисоби андоз пеш аз ҳама, ба андозсупорандагони бузург рабт дода мешавад, ки маблағи даромад аз онҳо ҳамагӣ 53% аз нишондиҳандаҳои нақшавиро ташкил додааст.

Дар Кумита изҳор мекунанд, ки дар робита ба пандемияи коронавирус ҳаҷми хизматрасониии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо кам шуда, чанде аз корхонаҳо дар вазъияти душвори молиявӣ қарор гирифтанд.

Дар натиҷа, бақияи қарзҳо аз андоз дар соли равон 440 млн сомонӣ афзуда, ҳаҷми умумии он (бо назардошти солҳои пешин) ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ба зиёда аз 1 млрд сомонӣ расидааст.

Афзоиши қарз аз андоз дар соли ҷорӣ дар навбати аввал аз ҳисоби андозсупорандагони бузурге чун ҶСК “НБО Сангтӯда-1” (115,6 млн сомонӣ), ҶСК “НБО Роғун” (43,2 млн сомонӣ), ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (22 млн сомонӣ), ҶСК “Тоҷиктелеком” (18,8 млн сомонӣ), фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоӣ (67,8 млн сомонӣ) ва ғайра ба вуҷуд омадааст.

Қобили зикр аст, ки қисмати зиёд ё пурраи бастаҳои назоратии саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” (95%), ҶСК “ТАЛКО” (100%), ҶСК “Тоҷиктелеком” (95%), фурудгоҳҳо (100%), ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” (100%) дар ихтиёри ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.

Дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” 75% (тарҳи 1 саҳмия) ба ширкатҳои русиягӣ тааллуқ дошта, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ба 25% (ҷамъи 1 саҳмия) баробар аст. Лекин қобили зикр аст, ки аз ҳисоби интиқоли барқ ШСХК “Барқи тоҷик” аз неругоҳи “Сангтӯда-1” зиёда аз 1,6 млрд сомонӣ қарздор буда, бастаи пурраи саҳмияҳои ширкат ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Дар лоиҳаи таҳияшудаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021, ки чанд рӯз қабл аз ҷониби ҳукумати маъқул дониста шуда, ба баррасии палатаи поёнии парлумон фиристода шуд, ҳаҷми даромадҳо аз андоз ба маблағи 18,8 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли равон 890 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.