Фоида аз парвариши пиёз: 50 дирам ба деҳқону 1 сомонӣ ба миёнарав

Дар Тоҷикистон маъракаи содироти маҳсулоти кишоварзии тезпаз, аз ҷумла пиёз ва меваҷоти гуногун оғоз шуд. Ба гуфтаи намояндаи Агентии содироти ҷумҳурӣ, то ин дам 200 тонна ҳосили пиёзи барвақтӣ ба Қазоқистон фиристода шудааст. Ба иттилои Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон, 10 вилояти ин кишвар дар бораи интиқоли пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 260 тонна […]

Дар Тоҷикистон маъракаи содироти маҳсулоти кишоварзии тезпаз, аз ҷумла пиёз ва меваҷоти гуногун оғоз шуд. Ба гуфтаи намояндаи Агентии содироти ҷумҳурӣ, то ин дам 200 тонна ҳосили пиёзи барвақтӣ ба Қазоқистон фиристода шудааст.

Ба иттилои Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон, 10 вилояти ин кишвар дар бораи интиқоли пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 260 тонна шартнома баста, се вилояти дигар ва шаҳри Алмато дар марҳилаи имзои шартнома қарор дорад. Се вилояти дигар аз имзои шартнома даст кашидаанд.

… Имсол майдони кишти пиёз дар Тоҷикистон то 17 ҳазор гектар зиёд карда шуда, аз ҳосили рекордӣ – 747 ҳазор тонна интизорӣ меравад.

Ҳоло деҳқонон дар фикри онанд, ки ин қадар пиёзро чӣ кор мекунанд. Дар яке аз хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода деҳқонони маҳаллӣ хосили хеле хуб парвариш карда расонидаанд, вале ба он харидор нест.

Онҳо мегӯянд, арзиши аслии 1 кило пиёз имсол ҳудуди 1,5 сомониро ташкил дода, харидорон, аз ҷумла содиркунандагон 1,8-2,2 сомонӣ пешниҳод мекунанд. Харидорони миёнарави маҳаллӣ каме зиёдтар – 2,5 сомонӣ барои як кг медиҳанд, аммо онҳо кам мехаранд.

Дар амал фоидаи софи деҳқон аз 1 пиёз ба ҳисоби миёна 0,5 сомониро ташкил дода, харидорони миёнарав аз 1 килои он камаш 1 сомонӣ даромад мегиранд.

«Бинобар ин, аз пиёз фоида кам мешавад, – мегӯянд деҳқонон. — Мо ба ғайр аз пиёз, олую тарбуз дорем, ки аз талаботи бозори махаллӣ зиёд аст. Онҳоро низ бояд ба хориҷи кишвар фурӯшем, вале нархҳое, ки ширкатҳои миёнарав пешниҳод мекунанд, ба мо мувофиқ нест».

Хароҷоти асосии парвариши пиёз дар солҳои охир харидани нуриҳои минералӣ ва пардохти ҳаққи техникаи кишоварзӣ ва хизматрасонии нақлиётӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки талаботи аҳолии Тоҷикистон ба пиёз ҳудуди 300 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти боқимондаро фавран ба хориҷа баровардан лозим меояд, зеро дар ҷумҳурӣ барои нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ анборҳо кифоя нестанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.