Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар робита ба ҳалокат ва осеб дидани одамон ва бинову иншооти зиёд бар асари заминларза дар ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки “хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар робита ба ҳалокат ва осеб дидани одамон ва бинову иншооти зиёд бар асари заминларза дар ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки “хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон, ҳамзамон зарар дидани  бинову иншооти сершумор бар  асари заминларзаи шадид дар музофотҳои Гансу ва Тсинхаи Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андӯҳи амиқи ҷониби Тоҷикистон гардид.

“Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи рӯзи 18 декабр дар қисмати шимолу ғарби Чин теъдоди зиёди аҳолӣ ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамчунин шумори зиёди бинову иншоот тахриб шуд.

Тибқи маълумоти ахири хабаргузории Синхуа, теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи ин заминларза ба 126 нафар расидааст.

Раиси Чин Си Ҷинпин изҳор доштааст, ки “барои баргузории корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ, табобати саривақтии маҷруҳон ва то ҳадди камтарин расонидани теъдоди қурбониён тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд”.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта бар асари заминларзаи қуввааш 6,6 балл дар музофоти Сичуан дар қисмати ҷанубу ғарби Чин зиёда аз 60 нафар ҳалок шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио