ДОИШ масъулияти амали террористӣ дар Эронро ба дӯш гирифт

Созмони “Давлати исломӣ” ё худ ДОИШ масъулияти содир намудани таркишҳоро дар шаҳри Кирмони Эрон дар паҳлӯи қабри генерал Қосим Сулаймонӣ, ки бар асари он зиёда аз 80 нафар ба ҳалокат расиданд, ба дӯш гирифт. Тавре ки Медуза менависад, дар ин бора Reuters ва Al Arabiya  бо истинод ба изҳороти ДОИШ дар Телеграм хабар медиҳанд. Дар […]

Asia-Plus

Созмони “Давлати исломӣ” ё худ ДОИШ масъулияти содир намудани таркишҳоро дар шаҳри Кирмони Эрон дар паҳлӯи қабри генерал Қосим Сулаймонӣ, ки бар асари он зиёда аз 80 нафар ба ҳалокат расиданд, ба дӯш гирифт.

Тавре ки Медуза менависад, дар ин бора Reuters ва Al Arabiya  бо истинод ба изҳороти ДОИШ дар Телеграм хабар медиҳанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, амали террористӣ дар оромгоҳ аз ҷониби ду маргталаб, ки камарбандҳояшонро бо маводи тарканда байни издиҳоми мардуми ҷамъомада дар маросими ёдбуди марги Сулаймонӣ тарконданд, содир шудааст.

Дар бораи бар асари амали маргталаб рух додани таркиши аввал ҳадди ақалл қаблан хабаргузории давлатии IRNA низ бо истинод ба манбаи номбарнашуда иттилоъ дода буд.

Ду таркиш дар назди қабри фармондеҳи Неруҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ рӯзи 3 январ дар маросими ёдбуди солгарди марги ӯ рух доданд.

Бар асари он дастикам 84 кас ҳалок шуда, зиёда аз 200 нафар осеб диданд. Ин амали террористӣ бузургитарин дар таърихи Эрон аз соли 1979 маҳсуб меёбад.

Шахсони расмии Эрон дар содир намудани ин амал Исроилро гунаҳкор карданд. Лекин, тавре ки The Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳо хабар медиҳад, мақомоти Исроил изҳор доштанд, ки хадамоти махсуси ин кишвар ба таркишҳо даст надоранд.

Дар Департаменти давлатии ИМА низ изҳор доштанд, ки барои даст доштани Исроил дар амали террористӣ ҳеҷ асосе намебинанд ва изҳори ақида карданд, ки таркишҳо дар назди оромгоҳ ба амалҳои террористие монанд мебошанд, ки аз ҷониби ДОИШ содир карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар сафорати Эрон дар Душанбе ба хотири гиромидошти номи ҷонбохтагони ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмони Эрон аз соати 9:00 то 12:00 ва аз соати 14:00 то 17:00-и рӯзҳои 5 ва 8-уми январ маросими ёдбуд баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.