Дар Сафорати Эрон дар Душанбе ду рӯз аз ҷонбохтагони таркиши Кирмон ёд хоҳанд кард

Дар сафорати Эрон дар Душанбе ба хотири гиромидошти номи ҷонбохтагони ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмони Эрон ёдбуд баргузор мешавад. Дар ин бора Майсин Закизода, як масъули Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ёдбуди ҳалокшудагон ду рӯз идома мекунад ва дар ин рӯзҳо дари Сафорати Эрон дар Душанбе ба рӯи ҳама […]

Дар сафорати Эрон дар Душанбе ба хотири гиромидошти номи ҷонбохтагони ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмони Эрон ёдбуд баргузор мешавад. Дар ин бора Майсин Закизода, як масъули Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ёдбуди ҳалокшудагон ду рӯз идома мекунад ва дар ин рӯзҳо дари Сафорати Эрон дар Душанбе ба рӯи ҳама меҳмонон боз хоҳад буд.

“Ёдбуди қурбониён рӯзҳои ҷумъа ва душанбе дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор мешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Тавре ӯ афзуд, ёдбуд аз соати 9:00 то 12:00 ва аз соати 14:00 то 17:00-и рӯзҳои 5 ва 8-уми январ дар бинои Сафорати Эрон дар Душанбе баргузор мегардад.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки намояндаи ин вазорат барои изҳори ҳамдардӣ ҳатман ба Сафорати Эрон дар Душанбе меравад.

Маврид ба зикр аст, дирӯз, 3-юми январ, дар маросими ҷаҳорумин солгарди ёдбуди фармондеҳи Нерӯҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ таркиш ба амал омад. Ин ду таркиш дар оромгоҳи Гулзори Шуҳадои шаҳри Кирмон бо фосилаи 20 дақиқа рух додааст.

Бояд гуфт, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудс ва яке аз шахсиятҳои низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳии чанд шахсияти эронӣ ва ироқии дигар, 3-юми январи 2020 мавриди ҳадафи ҳавопаймои бесарнишини Амрико қарор гирифта ва ба шаҳодат расиданд.

Расонаҳои эронӣ бо такя ба гуфтаҳои идораи изтирории Кирмон гузориш доданд, ки дар пайи ин таркиш 103 нафар ҳалок шуданд. Аммо баъдтар волии (раиси) Кирмон эълон кард, ки теъдоди дақиқи қурбониёни ҳодисаи террористӣ дар Кирмон 84 нафар аст ва шахсияти 70 дарсади онҳо мушаххас шудааст.

Ҳамчунин, 211 нафари дигар осеб дида, вазъи солимии 27 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Мақомоти Эрон ин воқеаиро “ҳамлаи террористӣ” унвон карданд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Муҳбир, муовини раисҷумҳури Эрон гуфт, дар пушти ин таркиш “агентҳои исроилӣ” пинҳонанд ва ин кишварро муттаҳам кард.

Имрӯз, 4-уми январ, дар саросари Эрон мотами миллӣ эълон шуд. Дар музофоти Кирмон бошад, мотами серӯза эълон гардидааст.

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе ба мардуми Эрон изҳори таслият гуфтанд.

То ҳол дар ин таркиш ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб дидааст ва ё на, маълумот дастрас нест.

Тафсилоти воқеаро дар хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.