Мотами миллӣ дар Эрон. Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардӣ баён кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмон ба Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ва мардуми ин кишвар изҳори таслият карда, ҳамзамон, ин ҳодисаро шадидан маҳкум кард. Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи изҳори тасаллӣ ба ҳамтои эронияш Иброҳим Раисӣ гуфтааст, “дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ҳамлаи террористӣ дар Кирмон, ки боиси ба […]

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмон ба Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ва мардуми ин кишвар изҳори таслият карда, ҳамзамон, ин ҳодисаро шадидан маҳкум кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи изҳори тасаллӣ ба ҳамтои эронияш Иброҳим Раисӣ гуфтааст, “дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ҳамлаи террористӣ дар Кирмон, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ҳамдардӣ ва таслияти амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони ҷонбохтагон иброз менамоям”.

“Аз Худованди мутаъол барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам”, – дуо кардааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Сарвари кишвар афзудааст, “Тоҷикистон чун ҳамеша терроризмро дар ҳама гуна зуҳуроташ шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид мекунад”.

Маврид ба зикр аст, ки бар асари таркишҳо дар маросими солгарди ёдбуди фармондеҳи Нерӯҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ дар макони дафнаш, оромгоҳи Гулзори Шуҳадои музофоти Кирмон 103 нафар ҳалок шуданд.

Ҳамчунин, 211 нафари дигар осеб дида, вазъи солимии 27 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Имрӯз, 4-уми январ дар Эрон мотами миллӣ эълон шуд.

Тафсилоти ин воқеаро дар хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.