Дар Тоҷикистон гази моеъ арзон шуд

Тайи ду ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон 1 литр гази моеъ 1,5 сомонӣ арзон шуд. Агар дар моҳи ноябр арзиши 1 литри ин навъи сӯзишворӣ то 8,3 сомониро ташкил медод, пас имрӯз нархи он то 6,70 сомонӣ поин рафтааст. Аммо ин ба ҳеҷ гунае ба нархи хидматрасонии мошинҳои мусофирбари хусусӣ, ки бо сабаби болоравии нархи гази […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тайи ду ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон 1 литр гази моеъ 1,5 сомонӣ арзон шуд. Агар дар моҳи ноябр арзиши 1 литри ин навъи сӯзишворӣ то 8,3 сомониро ташкил медод, пас имрӯз нархи он то 6,70 сомонӣ поин рафтааст.

Аммо ин ба ҳеҷ гунае ба нархи хидматрасонии мошинҳои мусофирбари хусусӣ, ки бо сабаби болоравии нархи гази моеъ, онро боло бурда буданд, таъсир нарасонид. Масалан, дар Душанбе нархи равуо дар ба истилоҳ таксиҳои “7-сомонигӣ” ба 10 сомонӣ расида буданд.

Пас аз болоравии арзиши гази моеъ нархи равуо дар мошинҳои мусофирбари байнишаҳрӣ низ зиёд шуд. Масалан, агар қаблан ба Бохтар бо 30 сомонӣ рафта метавонистӣ, акнун ронандагон 40-50 сомонӣ мепурсанд. Равуо бо таксӣ ба шаҳри Турсунзода аз 15 то ба 25-30 сомонӣ ва ба Панҷакент – аз 100 то 150 сомонӣ зиёд шуд.

Таксиронҳои хусусӣ мегӯянд, нархи хидматрасонии худро кам карданӣ нестанд, зеро 1-1,5 сомонӣ поинравии нархи гази моеъ ба ҳеҷ гунае ба хароҷоти онҳо таъсир намерасонад. Ба гуфтаи онҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири автомашинаҳо қимат шуда, ғайр аз ин, саросар болоравии нархҳо, аз ҷумла барои барқ ба даромади онҳо таъсири манфӣ гузоштааст.

“Мо субҳи барвақт ба роҳ мебароем, то ки барои таъмини оила пул кор кунем, лекин даромадамон базӯр барои пешбурди одии рӯзгор мерасаду халос”, – мегӯянд онҳо.

Вазъияти марбут ба сӯзишворӣ баъди хабар дар бораи аз ҷониби таъмингари асосӣ – Қазоқистон тамдид шудани муҳлати манъи содироти гази моеъ тариқи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан аз 14 ноябри соли 2023 ба муҳлати 6 моҳ боз мушкилтар шуд.

Аммо манъ ба содиркунандагон асосии газ дахл надорад, аз ин рӯ, Тоҷикистон ба таври устувор аз Қазоқистон газ мегирад.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар зарфи 10 моҳи соли 2023 ба Тоҷикистон ба маблағи 195 млн доллар ҳудуди 319 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуда, ҳиссаи зиёди воридоти он ба Қазоқистон рост меояд. Гази моеъ ҳамчунин аз Русия оварда мешавад.

Тағйироти нархи сӯзишворӣ дар ин кишварҳои содиркунанда бевосита ба нарх дар Тоҷикистон ҳам таъсир мерасонад.

Қобили зикр аст, ки на камтар аз 60%-и автомобилҳо дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мебурданд, ки қаблан нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) арзонтар буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.