Пешниҳод дар Ӯзбекистон: Ҳукми қатл баргардонида шавад

Date:

Муовини раиси палатаи қонунгузори порлумони Ӯзбекистон ва раиси Ҳизби эҳёи миллӣ Алишер Қодиров хостааст, ҳукми қатл дар кишвараш бояд дубора ҷорӣ карда шавад.

Ба гуфтаи Қодиров, шахсе, ки ба ваҳшигарӣ даст мезанад, набояд зинда бимонад. "Вақте бо пули андози мо ҷинояткореро, ки ба ҳайвон табдил ёфтааст, нигаҳдорӣ ва сиҳатияшро ҳифз мекунанд, ғайримантиқӣ аст. Ҷомеаро бояд аз ингуна афрод пок кард", – изҳор доштааст ӯ.

Ин пешниҳод дар пасманзари хабарҳо дар бораи он ки як сокини Тошканд писари 3-солаи ҳамзисти худро ба қатл расондааст, садо медиҳад.

Расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар доданд, ки як марди 31-сола аз шаҳри Тошканд писари 3-солаи ҳамзисташро бо 12 зарби корд ба қатл расондааст. Кудак дар роҳ ба бемористон ҷон додааст. Бино ба хабарҳо, ҳам мард ва ҳам модари кудак муътод ба маводи мухаддир будаанд.

Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дода, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...