Пешниҳод дар Ӯзбекистон: Ҳукми қатл баргардонида шавад

Муовини раиси палатаи қонунгузори порлумони Ӯзбекистон ва раиси Ҳизби эҳёи миллӣ Алишер Қодиров хостааст, ҳукми қатл дар кишвараш бояд дубора ҷорӣ карда шавад. Ба гуфтаи Қодиров, шахсе, ки ба ваҳшигарӣ даст мезанад, набояд зинда бимонад. "Вақте бо пули андози мо ҷинояткореро, ки ба ҳайвон табдил ёфтааст, нигаҳдорӣ ва сиҳатияшро ҳифз мекунанд, ғайримантиқӣ аст. Ҷомеаро бояд […]

centralasian.org

Муовини раиси палатаи қонунгузори порлумони Ӯзбекистон ва раиси Ҳизби эҳёи миллӣ Алишер Қодиров хостааст, ҳукми қатл дар кишвараш бояд дубора ҷорӣ карда шавад.

Ба гуфтаи Қодиров, шахсе, ки ба ваҳшигарӣ даст мезанад, набояд зинда бимонад. "Вақте бо пули андози мо ҷинояткореро, ки ба ҳайвон табдил ёфтааст, нигаҳдорӣ ва сиҳатияшро ҳифз мекунанд, ғайримантиқӣ аст. Ҷомеаро бояд аз ингуна афрод пок кард", – изҳор доштааст ӯ.

Ин пешниҳод дар пасманзари хабарҳо дар бораи он ки як сокини Тошканд писари 3-солаи ҳамзисти худро ба қатл расондааст, садо медиҳад.

Расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар доданд, ки як марди 31-сола аз шаҳри Тошканд писари 3-солаи ҳамзисташро бо 12 зарби корд ба қатл расондааст. Кудак дар роҳ ба бемористон ҷон додааст. Бино ба хабарҳо, ҳам мард ва ҳам модари кудак муътод ба маводи мухаддир будаанд.

Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дода, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.