Роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои ИДМ дар Душанбе гирдиҳам омаданд

Дар Душанбе имрӯз, 12 июл ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ идома ёфт. Дар ҷаласа масоили муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, терроризму экстремизм, хариду фурӯши силоҳ, вазъияти мубориза бо маводи нашъаовар ва пешгирӣ аз ин ҷиноятҳо мавриди баррасӣ қарор дорад. Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода, ки каме бештар аз як […]

Дар Душанбе имрӯз, 12 июл ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ идома ёфт. Дар ҷаласа масоили муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, терроризму экстремизм, хариду фурӯши силоҳ, вазъияти мубориза бо маводи нашъаовар ва пешгирӣ аз ин ҷиноятҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода, ки каме бештар аз як моҳ ба ин мансаб туъин шуд, зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки “таҷрибаи баргузории чунин чорабиниҳо далели равшани он аст, ки моро дарки зарурати ба роҳ мондани муносибатҳои эътимоднок дар истифодаи самараноки захираҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар ҳама шаклҳои он муттаҳид мекунад”.

Чанде пеш дар ин ҷаласа вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода суханронӣ намуда, зикр кард, ки  машварат дар чунин шакл бори чорум баргузор мешавад.

“Мулоқоти имрӯза дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ саҳми арзанда гузошта, ба ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ такони ҷиддӣ мебахшад, ҳамкории мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои иттиҳодро дар самтҳои асосии фаъолияти оперативӣ-хизматӣ  тақвият мебахшад. Ин ҳама ба мо имкон медиҳад, ки боз ҳам муттаҳид бошем”, – оварда мешавад гуфтаҳои ӯ дар хабари АМИТ “Ховар”.

Раҳимзода ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз ташаббусу амалҳои оқилона ва самаранок ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои вазнин қотеъона дастгирӣ мекунад.

“Ҷиноятҳои кибернетикӣ, терроризми кибернетикӣ, муқовиматҳои дохилии мусаллаҳона дар сатҳи минтақа ва байнидавлатҳо, шиддат гирифтани муносибатҳои миллӣ ва байналмиллӣ, муҳоҷирати оммавӣ, доругирҳои сиёсӣ дар масъалаҳои сулҳ ва амният дар минтақаҳои алоҳида — ин ҳама мушкилоте ҳастанд, ки ба амнияти миллӣ таҳдид доранд”, – таъкид дошт Раҳимзода.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2022 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тонна маводи мухаддир ва давоми соли 2023 ва 5 моҳи соли 2024 зиёда аз 8 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ТАСС хабар медиҳад, роҳбари Бюрои мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар навъҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави ИДМ Олег Коновалов зикр кард, ки “фурӯши бидуни тамоси маводи мухаддир, истифодаи мессенҷерҳои назоратшаванда, пардохти хидматрасониҳо бо пулҳои электронӣ авҷ мегирад.

Сардори раёсати милитсияи Остона Марат Тулебаев зимни суханрониаш аз мушкилоти мавҷудаи муқовимат ба ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар шароити муосир изҳори назар кард. Дар ин бора Polisia.kz хабар медиҳад.

“Вазъияти муосир талаб мекунад, ки ҳамкории мо васеътар ва амиқтар шавад. Бо назардошти хусусиятҳои қонунгузории системаҳои ҳифзи ҳуқуқи ҳар кадоме аз кишварҳоямон, мо бояд робитаҳои кории наздиктар барқарор намуда, самаранокии муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаоварро хубтар кунем. Бовар дорам, ки вохӯрии имрӯза имконият медиҳад, ки мушкилоти мавҷударо амиқтар дарк карда, таҷрибаи мусбатро мубодила намоем ва роҳҳои рушди минбаъдаро муайян созем”, – хулоса кард Тулебаев.

Дар ин чорабинӣ, ки аз 10 то 12 июл дар Душанбе доир мегардад, ҳайатҳои ВКД Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, инчунин Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ҳузур доранд.

Чунин шакли вохӯриҳо, яъне машварати роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои ИДМ соли 2021 аз ҷониби Шӯрои ВКД ИДМ бо мақсади таҳкими муколама ва тавсеъаи табодули тарҷиба дар мавриди масоили марбут ба ҷинояткорӣ роҳандозӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.