Пас аз 32 сол, ду сокини Ёвон барои куштор ва ғоратгарӣ равонаи зиндон шуданд

Додгоҳи вилояти Хатлон ду сокини ноҳияи Ёвонро дар ғорат ва қатли ду сокини ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) дар солҳои 1992-1993 гунаҳкор дониста, равонаи зиндони низомаш сахт кард. Ба иттилои Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон, сокинони ноҳияи Ёвон  – Нурилло Рустамови 55 – сола ва Ҳакимҷон Эмомови 52 – сола давоми солҳои 1992 […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Хатлон ду сокини ноҳияи Ёвонро дар ғорат ва қатли ду сокини ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) дар солҳои 1992-1993 гунаҳкор дониста, равонаи зиндони низомаш сахт кард.

Ба иттилои Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон, сокинони ноҳияи Ёвон  – Нурилло Рустамови 55 – сола ва Ҳакимҷон Эмомови 52 – сола давоми солҳои 1992 – 1993 дар ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Барҳон Саодатов ғорат кардаанд ва Азизбек Додовро ба қатл расонидаанд. Ҳардуи ҷабрдидагон сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буданд.

Дар парвандаи ҷиноӣ номи ҳафт узви ин гурӯҳи ҷиноӣ – Саматов А., Тӯраев Т., Норбоев К., Сатторов Ч., Тағойбеков М., Эмомов Ҳ. ва Рустамов Н. зикр гардидааст, аммо танҳо ду нафари онҳо – Нурилло Рустамов ва Ҳакимҷон Эмомов боздошту муҷозот шуданд. Тақдири аъзои боқимондаи ин гурӯҳ номаълум аст ва дар додситонӣ ҳам дар ин бора маълумот пешниҳод накардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳолати аввал Ҳакимҷон Эмомов бо маслиҳати пешакӣ 14-уми июни соли 1992 якҷо бо Тӯраев Т., Норбоев К. ва Тағойбеков М. ба Барҳон Саодатов ҳамла карда, мошин ва маблағашро тасарруф мекунанд.

“Дар ҳолати дуюм, 18-уми июли соли 1992 Тағойбеков М. аз Азизбек Додов, ки мошини тамғаи ГАЗ-2410 дошт, хоҳиш мекунад ӯро то деҳаи Фурқат бурда расонад. Дар ин деҳа тибқи маслиҳати пешакӣ онҳоро Нурилло Рустамов, Тӯраев Т. ва Норбоев К. пешвоз мегиранд ва ба қатл мерасонанд. Мошин ва маблағи Азизбек Додовро тасаруф карда аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд”, – иттилоъ додааст додситонӣ.

Пас аз 32 сол аз ин ҷиноят, Нурилло Рустамов ва Ҳакимҷон Эмомов боздошт шуда, нисбаташон бо модаҳои 74, 156 кисми 3 ва 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (таҳрири 1961) парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Санаи дақиқи боздошти онҳо маълум нест, аммо додгоҳ вилояти Хатлон 19-уми июни соли 2024 Нурилло Рустамовро ба муҳлати 13 сол ва Ҳакимҷон Эмомовро ба муҳлати 11 сол равонаи зиндони низомаш сахт кард.

Бояд зикр кард, ки ин аввалин ҳолати тафтиш ва муҷозот барои ҷиноятҳои солҳои қабл анҷомдода аз сӯйи додситонӣ ва додгоҳи вилояти Хатлон нест.

1-уми июли соли равон додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Қубодиёнро барои қатли шаҳрванди Ӯзбекистон ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Пештар аз ин, 10-уми июни соли 2024 ҳамин додгоҳ 2 сокини ноҳияи Дӯстиро барои куштори директори як мактаб ва аъзои оилаи ӯ дар соли 1993 барои 15 сол равонаи зиндон намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.