“Толибон” гуфтанд, Тоҷикистон ҳудуди 50 муҳоҷири афғонистониро ба кишварашон ихроҷ кардааст

Вазорати муҳоҷирони ҳукумати “Толибон”* дар Афғонистон эълом кард, ки 49 муҳоҷири афғонистонӣ рӯзҳои 28-29 май “ба далелҳои номаълум” аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Вазорати зери назари гурӯҳи “Толибон” навиштааст, ки 49 муҳоҷири афғонистонӣ рӯзи 31-уми май аз тариқи Бандари Шерхон дар вилояти Кундӯз ба кишварарашон бозгардонда шудаанд. Ба гуфтаи “Толибон”, 36 тан аз ин афрод дорои […]

Asia-Plus

Вазорати муҳоҷирони ҳукумати “Толибон”* дар Афғонистон эълом кард, ки 49 муҳоҷири афғонистонӣ рӯзҳои 28-29 май “ба далелҳои номаълум” аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Вазорати зери назари гурӯҳи “Толибон” навиштааст, ки 49 муҳоҷири афғонистонӣ рӯзи 31-уми май аз тариқи Бандари Шерхон дар вилояти Кундӯз ба кишварарашон бозгардонда шудаанд.

Ба гуфтаи “Толибон”, 36 тан аз ин афрод дорои корти иқомати Тоҷикистон буданд ва 13 тани дигар низ гузарнома ва виза доштаанд. “Толибон” таъкид кардаанд, ки далели ихроҷи ин афрод мушаххас нест.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ихроҷи ҳудуди 50 муҳоҷири афғонистонӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки охири моҳи апрели соли равон Маркази хабарнигорони ҷавон иттилоъ дода буд, ки рӯзи 21-уми апрели соли равон Тоҷикистон қариб 50 паноҳҷӯи афғонистониро аз хокаш ба Афғонистон ихроҷ кард.

Он замон гуфта мешуд, ки ин афрод, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ доштанд, ба иттилои манбаъ, ҳама асноди паноҳҷӯи Комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар умури паноҳандагонро доштанд. Аксари онҳо дар шаҳри Ваҳдат ронандаи таксӣ будаанд.

“Паноҳандагон ба идораи амният дар шаҳри Ваҳдат даъват шуда, асноди онҳоро мусодира ва сипас бо ду мошин ба марз интиқол додаанд. Ҳамчунин, теъдоде аз паноҳҷӯёни дигар дар кӯчаву бозор, ки барои харид ба мағоза мерафтанд, аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон боздошт ва ба Афғонистон ихроҷ шудаанд”, – напвишта буд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки ихроҷи афғонистониҳо ба кишварашон, ки зери султаи “Толибон” аст, ба ҷонашон хатар дорад.

Бояд гуфт, ки қаблан ҳам даҳҳо паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд, вале он вақт далели ихроҷро шарҳ дода буд. Онҳо барои гузоштани риши бенизом, пӯшидани либоси бегона, нӯшидани машрубот, мунозираҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум риоя накардани қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон хориҷ карда шуда буданд.

Он замон Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоста буд, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба кишвари сеюм фиристанд ва ё ҷазо диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон паноҳанда ҳастанд ва онҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ муқим мебошанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.