Зимни амалиёти боздошти гумонбарон дар Русия 9 зодаи Осиёи Марказӣ кушта шудаанд

Date:

Аз соли 2022 то кунун дар ҷараёни боздоштҳои Хадамоти федералии бехатарӣ (ФСБ) дар Русия  дастикам 70 нафар кушта шудаанд, ки 9 тани онҳо зодагони Осиёи Марказӣ будаанд. Дар ин бора сомонаи "Важние истории" хабар додааст.

Ин расона бар асоси гузоришҳои ФСБ, Кумитаи миллии зиддитеррористӣ, Кумитаи тафтишот, оҷонсиҳои хабарии давлатӣ ва расонаҳои наздик ба нерӯҳои амниятӣ ин оморро ҳисоб кардааст.

Ба навиштаи манбаъ, маъмурони ФСБ дар ҷараёни боздошт дастикам 65 нафарро дар Русия ва 4 нафарро дар қисмати ишғолшудаи вилояти Запороже куштаанд. Инчунин, 1 нафари дигар, ба гуфтаи худи хадамоти махсус, дар лаҳзаи боздошт дар наздикии Самара худро бо бомба тарконидааст.

“Дар 28 ҳолат ФСБ кушташудагонро дар омода кардани ҳамлаҳо тибқи фармони хадамоти махсуси Украина ё воҳидҳои ихтиёрии Қувваҳои мусаллаҳи Украина гумонбар донистааст”, – менависад расонаи русӣ.

Тибқи омори "Важние истории", ҳадди ақал 44 кушташуда шаҳрвандони Русия будаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, 9 тани онҳо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Ҳадди ақал 2 нафари кушташудагон шаҳрвандони Қазоқистон будаанд. ФСБ гуфтааст, онҳо гуё бо дастури шохаи "Хуросон"-и ДОИШ ният доштанд, дар каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Маскав таркиш анҷом диҳанд. 

Вале дақиқ гуфта нашудааст, ки дигар кушташудагон шаҳрвандони кадом кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки моҳи феврали имсол се ҷавони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми эҳтимолии даст доштан ба терроризм кушта шуданд. Аммо пайвандонаш исрор меварзанд, ки қурбониён майли ифротгароӣ ва гузаштаи ҷиноӣ надоштанд. Ду ҷавон яккаписару ягона ноновари хона будаанд. Бештар дар ин пайванд бихонеду бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...