Дар ҳоле, ки Амрико ва Эрон аз тозатарин ҳамлаҳои худ ба мавзеъҳои якдигар дар Халиҷи Форс дар чанд рӯзи охир хабар доданд, Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида муддаӣ шуд, ки Теҳрон “мехоҳад ба созиш расад”. Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам гуфт, музокирот бо Амрико “дар шароити шубҳа ва нобоварии шадид” идома дорад.
Трамп аз фишорҳои дохилӣ ба ӯ дар робита ба созиш бо Эрон “шикоят” кард
Раисҷумҳури Амрико дар тозатарин паёмаш дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” аз вокунишҳои чеҳраҳои сиёсиии Амрико ба тарзи муомилаи маъмурияти ӯ бо Эрон барои расидан ба созиш интиқод карда, навиштааст, ки ин фишор корро барои ӯ “душвортар” мекунад.

Дар ин паём ӯ муддаӣ шуд, ки “Эрон воқеан мехоҳад ба созиш бирасад ва ин тавофуқ барои Амрико ва онҳое, ки бо мо ҳастанд, хуб хоҳад буд”.
“Аммо оё демократҳо ва бархе ҷумҳурихоҳони зоҳиран ватанпараст намефаҳманд, ки вақте чеҳраҳои сиёсии фурсатталаб пайваста ва бесобиқа дар ҳоли изҳори назарҳои манфӣ ҳастанд ва борҳову борҳо мегӯянд, ки ман бояд тезтар ё сусттар ҳаракат кунам, ё ба ҷанг равам, ё не, ё ҳар чизи дигаре, ин барои ман иҷрои кори худ ва гуфтушуниди дурустро хеле душвортар мекунад? Танҳо шинеду истироҳат кунед; дар ниҳоят ҳама чиз ба хубӣ поён хоҳад ёфт”, – афзуд Трамп.
Бақоӣ: “Мубодилаи паёмҳо бо Амрико бо шубҳа ва нобоварӣ идома дорад“
Дар ҳамин ҳол, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, Амрикоро муттаҳам кард, ки бо “пайваста тағйир додани дидгоҳҳои худ” ва “паёмҳои расонаии мутафовиту зиддунақиз” боиси тӯлонӣ шудани раванди музокира шудааст.
Бақоӣ дар идомаи мавқеи Эронро такрор кард, ки оташбас дар Лубнон “қисми ҷудонашавандаи ҳама гуна созишнома ва хотима додан ба ҷанг” аст ва Амрикову Исроилро наметавон “ҳамчун ду бозигари алоҳида” баррасӣ кард.

Эрону Амрико аз ҳамла ба мавзеъҳои якдигар хабар доданд
Ҷонибҳо дар ҳоле “аз муболиаи пайм” ва “тавофуқи хуб” ҳарф мезананд, ки дар ҳафтаҳои ахир бо вуҷуди оташбас даргириҳои пароганда миёни Амрикову Эрон идома доштааст. Аз ҷумла, Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон имрӯз эълон кард, пойгоҳеро ҳадаф қарор додааст, ки дар ҳамлаи Амрико дар субҳи 1-уми июн ба ҷазираи Сирики вилояти Ҳурузгони Эрон истифода шудааст.
“Нерӯҳои ҳавофазоии Сипоҳ пойгоҳи ҳавоии маҳалли оғози таҷовузро мавриди ҳадаф қарор доданд ва аҳдофи пешбинишуда нобуд гардид”, – гуфта мешавад дар баёния.
Макони ин пойгоҳ дар ин баёния Эрон эълон нашудааст. Вале расонаҳо субҳи имрӯз, 1-уми июн гузориш дода буданд, ки дар Кувайт бонги хатар ба садо даромада, падофанди ҳавоии ин кишвар дар ҳоли муқобилият бо ҳамлаи паҳподиву мушакӣ ҳастанд.

Мақомоти Амрико дар ин маврид то кунун изҳори назар накардаанд.
Аммо чанд соат пеш артиши ин кишвар эълон карда буд, ки дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба сомонаҳои радарии Эрон ва марказҳои фармондеҳиву назорати ҳавопаймоҳои бесарнишини он дар минтақаи Гарук ва ҷазираи Қишм ҳамла кардааст.
Фармондеҳии марказии Амрико дар Ховари Миёна (СЕНТКОМ) иддао кард, ки ин ҳамлаҳо дар посух ба “иқдомҳои ҳуҷумкоронаи Эрон, аз ҷумла сарнагун кардани ҳавопаймои бесарнишини MQ-1-и Амрико, ки бар фарози обҳои байналмилалӣ дар ҳоли парвоз буд”, сурат гирифтанд.
Сипоҳи посдорони Эрон қаблан сарнагун кардани як ҳавопаймои бесарнишини амрикоиро тасдиқ карда, гуфта буд, ки он “қасд дошт, бо ворид шудан ба обҳои қаламрави Эрон амалиёти душманона анҷом диҳад”.
Эрон ва Амрико ҳоло дар вазъияти оташбас қарор доранд ва ҳафтаҳо боз барои хатми ҷанге, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил онро оғоз карданд, музокира мекунанд, аммо дар ин муддат даргириҳои пароканда миёни ҷонибҳо идома доштааст.

Доналд Трамп ду рӯз пеш бо мушовирони аршади амниятии худ ҷаласае ҳам баргузор кард, ки гуфта мешуд, натиҷаи чанд ҳафтаи музокироти Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Исломиро равшан мекунад. Аммо раисҷумҳури Амрико бе эълони натиҷа ба ин нишаст поён дод. Баъдан расонаҳои амрикоӣ дар гузоришҳои худ иддао карданд, ки ӯ хостаҳояш аз Эронро сахттар кардааст.
Ҷанг дар Эрон, ки бо ҳамлаи Амрикову Исриол дар 28-уми феврал оғоз шуда, бо посухи Теҳрон ба Исроил ва мавзеъҳои Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои арабӣ идома кард, боиси кушта шудани ҳазорҳо нафар, асосан дар Эрон ва Лубнон гардид.
Ин низоъ сабаби баста шудани тангаи Ҳурмуз ҳам шуд, ки ҳоло бӯҳрони бузурги энерҷиро дар ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.
Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.








