Чин баҳри рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба кишварҳои узви СҲШ 10 млрд. $ қарз ҷудо мекунад

            Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Сарвари давлати Чин Ху Тсзинтао дар ҷаласаи васеи нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ектаринбург изҳор дошт, ки Чин баҳри рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба кишварҳои узви СҲШ 10 млрд. $ қарз ҷудо мекунад.             Ху Тсзинато ҳамчунин қайд кард, ки таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишварҳо […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Сарвари давлати Чин Ху Тсзинтао дар ҷаласаи васеи нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ектаринбург изҳор дошт, ки Чин баҳри рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба кишварҳои узви СҲШ 10 млрд. $ қарз ҷудо мекунад.





           

Ху Тсзинато ҳамчунин қайд кард, ки таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишварҳо идома дорад ва зарур аст, ҳамкориҳо дар чаҳорҷӯбаи созмон густариш дода шаванд. «Танҳо тавассути ҳамин роҳ мо метавоенм муқобили бӯҳрон истодагарӣ намуда, ба таҳкими созмон муваффақ шавем», – гуфт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, зимни суханронӣ дар нишасти матбуотии ниҳоӣ президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки ин ҷо сухан сари кӯмак ба кишварҳои алоҳида намеравад. «Ин ҷо татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ дар назар аст, ки хусусияти фаромарзӣ дошта, давлатҳоро муттаҳид месозанд ва қодиранд, ки мушкилоти тӯли солҳо мавҷуда, аз ҷумла мушкилоти ҷойдошта дар бахши зерсохторро ҳал намоянд», – гуфт вай.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...