Боздошти сардори муассисаи сукунатии Хуҷанд зимни ришваситонӣ

Хуҷанд. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сардори муассисаи сукунатии ЯС-3/11-и шаҳри Хуҷанд зимни ришваситонӣ бо далели шайъӣ дастгир карда шуд. Чӣ тавре ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти додситонии вилояти Суғд хабар доданд, дар мақомоти мазкур аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 319, қ. 4-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора бо тамаъҷӯйӣ) нисбат ба сардори […]

Хуҷанд. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сардори муассисаи сукунатии ЯС-3/11-и шаҳри Хуҷанд зимни ришваситонӣ бо далели шайъӣ дастгир карда шуд.

Чӣ тавре ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти додситонии вилояти Суғд хабар доданд, дар мақомоти мазкур аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 319, қ. 4-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора бо тамаъҷӯйӣ) нисбат ба сардори муассисаи сукунатӣ Ғуломалӣ Пӯлодов парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

К.Х. ба ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба муддати 4 соли зиндон маҳкум гардида буд. Дар таърихи 29-уми декабри соли 2009 ӯ аз зиндон ба муассисаи сукунатӣ гузаронида шуда, мебоист рӯзи 2-юми ноябри соли 2011 озод карда шавад. Ба иттилои манбаъ, сардори муассиса бо ваъдаи пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшуда ҳар дафъа аз ӯ маблағи пулӣ талаб мекардааст. «Бо гузашти ҳар даҳ рӯзе сардори муассисаи сукунатӣ аз К.Х. дар ҳаҷми аз 200 то 500 сомонӣ маблағи пулӣ тамаъ мекардааст», – гуфтанд дар мақомоти додситонӣ.

Дигар косаи сабри маҳкумшуда лабрез гардида, рӯзи 1-уми июни соли равон ӯ аз ин ҳодиса ба мақомоти додситонии вилоти Суғд хабар медиҳад. «Рӯзи дигар зимни тамаъҷӯйии навбатӣ, яъне гирифтани 1 тонна семент барои сохтмони манзили зисташ Ғуломалӣ Пӯлодов аз ҷониби кормандони мақомот боздошт гардида, аз рӯйи ин далел корҳои тафтишотӣ идома доранд», – изҳор дошт манбаъ.

Бино ба маълумоти мақомоти додситонии вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ кормандони додситонии вилоят 5 далели ришваситонӣ аз ҷониби шахсони мансабдорро ошкор сохтаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.