Қонуншикании маҳбуси афвшуда дар Қӯрғонтеппа

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як маҳбуси афвшуда боз даст ба қонуншиканӣ зад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Ҷӯрахон Мадиев хабар дод, Мирзоҷон Тоҳирови 37-сола, ки рӯзи 20-уми август мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» озод карда шуда буд, шабона дар ҳолати мастӣ тирезаи утоқи кори нозири минтақавиро шикаст. «Ӯ ба […]

Сайраҳмон Назриев


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як маҳбуси афвшуда боз даст ба қонуншиканӣ зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Ҷӯрахон Мадиев хабар дод, Мирзоҷон Тоҳирови 37-сола, ки рӯзи 20-уми август мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» озод карда шуда буд, шабона дар ҳолати мастӣ тирезаи утоқи кори нозири минтақавиро шикаст. «Ӯ ба кормандони милисаи ба ҷойи воқеъа ҳозиршуда бо корд таҳдид намуда, онҳоро мавриди таҳқир қарор додааст, – гуфт ӯ. – Номбурда ҳамчунин президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро низ таҳқир намуд».

Ба қавли Ҷ.Мадиев, Тоҳиров муддати се соат тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст. «Каме баъдтар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Тоҳировро боздошт намуданд», – гуфт вай.

Нисбат ба ин аъмоли Тоҳиров мутобиқи моддаҳои 137, қ. 1 (Таҳқири оммавии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў), 237, қ. 2 (Авбошӣ, ки боиси ворид намудани зарари миёна ба саломатӣ гардида бошад), 255, қ. 1 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 328, қ. 1 (Истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қаблан Тоҳиров мутобиқи моддаҳои 244 (Дуздӣ) ва 247 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ маҳкум гардида буд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон аз ҷониби боз як афвшуда низ ҷиноят содир шудааст. Сокини ноҳияи Темурмалик Ҳасан Содиқов пас аз озодӣ аз маҳбас то ба хона нарасида, дар роҳи ноҳияи Хуросон як асперо дуздидааст. Ӯ ро низ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зуд боздошт кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.