ВКД ба муҳоҷирон дар гирифтани ҳуҷҷатҳо тавассути интернет ёрӣ мерасонад

Ҳамасола ба хадамоти шиноснома ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз 10 то 14 ҳазор ариза барои гирифтани ҳуҷҷатҳо, ки шахсиятро тасдиқ мекунанд, ворид мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, аксари ин аризаҳо аз муҳоҷирони корие, ки дар хориҷи кишвар ҳуҷҷатҳояшонро гум кардаанд, ворид мегардад. Дар робита ба ин […]


Ҳамасола ба хадамоти шиноснома ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз 10 то 14 ҳазор ариза барои гирифтани ҳуҷҷатҳо, ки шахсиятро тасдиқ мекунанд, ворид мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, аксари ин аризаҳо аз муҳоҷирони корие, ки дар хориҷи кишвар ҳуҷҷатҳояшонро гум кардаанд, ворид мегардад.

Дар робита ба ин масъала мақомоти раҳбарии хадамоти шиноснома ва бақайдгирии вазорат ният дорад, марҳила ба марҳила шӯъбаҳои худро дар саросари ҷумҳурӣ ба шабакаи Интернет васл намояд, то ки шаҳрвандон дар хориҷи кишвар бидуни сафар ба Тоҷикистон нусхаҳои шиносномаву шаҳодатнома дар бораи таваллудашонро гирифта тавонанд.

«Дар марҳилав аввал 10 шӯъбаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои наздики шахри Душанбе ба шабака пайваст карда мешаванд. Дастгирии молиявӣ аз ҷониби Созмони байнулмилалӣ оид ба муҳоҷират сурат хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.

Дар ВКД мӯътақиданд, ки ин навоварӣ ба муҳоҷирон дар ҳалли мушкилоташон кумаки беандоза хоҳад расонид. «Ин ба дарёфти афроди таҳти пайгарди қонунӣ қарордошта ва шахсони бедаракшуда низ мусоидат хоҳад кард», – иброз доштанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати кишвар маълумоти коршиносон бобати дар хориҷи кишвар қарор доштани миллионҳо муҳоҷирини кории тоҷикро қотеъона рад месозад.

Дар иттилои хадамоти мазкур гуфта мешавад, ки  мутобиқи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи  соли 2008, №378  «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа», Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро   таҳти назорати қатъӣ қарор додааст ва дар  ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар 10 моҳи  соли ҷорӣ  аз  фурудгоҳҳои  байналмилалии   Ҷумҳурии Тоҷикистон 5.342 (соли гузашта 3330)  хатсайр  ва  аз  вокзалҳои  роҳи  оҳани  ҷумҳурӣ 250 (соли гузашта 240)  қатора ба кишварҳои ИДМ парвоз ва сафар намудаанд. Дар ин муддат аз қаламрави ҷумҳурӣ  ба хориҷи кишвар 665.058 (соли гузашта 461777) нафар муҳоҷирони меҳнатӣ сафар намудаанд.    

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.