Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи иҷора»

Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, мутобиқи қарори шӯро барои таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи иҷора» дар таҳрири нав як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. «Гурӯҳи кории мазкурро […]


Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, мутобиқи қарори шӯро барои таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи иҷора» дар таҳрири нав як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

«Гурӯҳи кории мазкурро раиси Кумитаи парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов роҳбарӣ мекунад», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» низ баррасӣ шуда, ҳайати парлумонии Тоҷикистон барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Асссамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (шаҳри Санкт-Петербург, 21-24-уми декабр) муайян гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои парлумон лоиҳаи рӯзномаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чаҳорум, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта доир мегардад, тасдиқ карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.