Баррасии оқибатҳои ҷорисозии андози аксизӣ ба хизматгузориҳои интернет-провайдерҳо

Дар мизи гирде, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, масъалаи аз ҷониби Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани андози аксизӣ барои хизматгузориҳои интернет-провайдерҳо ва оқибатҳои ин қарор баррасӣ мешавад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Маркази бозори озод» ( Центр свободного рынка) созмон дода мешавад. Ёдрас мекунем, […]


Дар мизи гирде, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, масъалаи аз ҷониби Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани андози аксизӣ барои хизматгузориҳои интернет-провайдерҳо ва оқибатҳои ин қарор баррасӣ мешавад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Маркази бозори озод» ( Центр свободного рынка) созмон дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти андози ҷумҳурӣ андози сефоизаи аксизӣ барои хизматгузориҳои интернет-провайдеронро ҷорӣ сохт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони ҶТ Парвина Ибодова хабар дод, ин амал барои аъзои Ассотсиатсия ногаҳонӣ набуд, зеро аз моҳи январи соли равон андози сефоизаи аксизӣ аз истифодаи телефонҳои мобилӣ ё ҳамроҳ ҷорӣ гардид ва инро чашмдор шудан мумкин буд.

«Чанде пеш мо огоҳ гардидем, ки дар дастури Кумитаи андоз, ки дар Вазорати адлия аз ташхис гузаштааст, гуфта мешавад, ба алоқаи мобилӣ, ки ба он интернет, IP-телефония ва як қатор хизматгузориҳои дигар дохил мешаванд, аксиз баста мешавад. Маълум шуд, ки ин дастур ҳанӯз санаи 1-уми январи соли 2011 тасдиқ шуда будааст», – гуфт вай.

Ибодова зикр кард, ки аввали сол ҳангоми ҷорӣ кардани аксиз ба алоқаи мобилӣ Иттиҳодияи интернет-провайдерони Тоҷикистон ба Кумитаи андоз нома навишта, дархост кардааст, ки оё ин андоз ба интернет-провайдерон низ дахл дорад ё на.

«Дар ҷараёни мукотиба мо огоҳ гардидем, ки чунин дастур мавҷуд аст, – таъкид сохт ӯ. – Ҳамчунин як қатор аъзои ассотсиатсияи мо мавриди санҷиш қарор гирифта, онҳоро ӯҳдадор кардаанд, ки андози аксизиро пардохт намоянд».

Ба қавли Ибодова, чанде қабл Ассостсиатсияи интернет-провайдерон аз Кумитаи андоз посухи расмӣ гирифтааст. «Вале аз он мо қаноатманд нестем, – мегӯяд ӯ. – Аз ин рӯ, дастурро аз лиҳози ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор дода, ба Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрӣ мутобиқат кардани онро муайян менамоем».

Ассотсиатсия ҳамчунин ният дорад, ки ба дигар мақомот то парлумон ва дастгоҳи сарвари давлат низ муроҷиат намояд.

Ба андешаи Ибодова, андози аксизӣ аз даромади операторон ва провайдерҳо пардохта нашуда, ба дӯши истифодабарандагони хизматгузориҳои интернет вогузор мегардад.

«Ин бошад, боз ба болоравии нархҳо, ба вуҷуд омадани мушкилот бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ боис мегардад», – гуфт раиси ассотсиатсия ва афзуд, ки «ин ягона соҳа дар Тоҷикистон аст, ки хуб рушд мекунад ва мутаассифона, чунин чораҳо метавонанд ба рушди он монеъа эҷод созанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.