Анҷумани ҲСДТ мавқуф гузошта шуд

Анҷумани навбатии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки бояд рӯзи 26-уми ноябр ба кор оғоз мекард, ба санаи 4-уми декабр мавқуф гузошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров хабар дод, сабаби баргузор нагардидани анҷуман бинобар обуҳавои номусоид дар ағбаи Шаҳристон  баста будани роҳи мошингард миёни маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд аст. «Қарор шуд, ки […]


Анҷумани навбатии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки бояд рӯзи 26-уми ноябр ба кор оғоз мекард, ба санаи 4-уми декабр мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров хабар дод, сабаби баргузор нагардидани анҷуман бинобар обуҳавои номусоид дар ағбаи Шаҳристон  баста будани роҳи мошингард миёни маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд аст.

«Қарор шуд, ки вакилони анҷуман аз вилояти Суғд дар ҳайати 12 нафар рӯзи шанбе тавассути қатора ба пойтахт меоянд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ба рӯзномаи анҷуман ҳисоботи шӯрои сиёсии ҲСДТ дар солҳои 2007-2011 ва ҳисоботи комиссияи марказии тафтишотии ҳизб ворид карда шудаанд.

«Ҳамчунин дар анҷуман Оинномаи ҳизб дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул гардида, дар сохтор ва фаъолияти ҳизб тағйироти тадорукотиву ҳуқуқӣ сурат мегиранд ва мақомоти раҳбарии нави ҲСДТ интихоб мегардад», – иброз дошт Р.Зойиров.

Ба қавли номбурда, вакилони анҷуман ҳамчунин дар бораи вазифаҳои навбатӣ ва барномаи фаъолияти ҲСДТ барои солҳои 2011-2015 низ қарор қабул хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки ҲСДТ дар таърихи 18-уми ноябри соли 1998 дар Вазорати алия ба қайд гирифта шуд. Шумори аъзои он 7 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад. ҲСДТ ҳизби мухолифи ҳукумати кунунӣ аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.