Машварати кории назди президент оид ба ҷараёни корҳо дар нерӯгоҳи «Роғун»

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи бунёди нерўгоҳи Роғун машварати корӣ доир намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар машварат доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмони ин иншоот, истифодаи ҳадафмандона ва сарфакоронаи маблағҳои ҷудошуда, сифати корҳо ва ҳамкорӣ бо коршиносони байналмилалӣ оид ба […]


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи бунёди нерўгоҳи Роғун машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар машварат доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмони ин иншоот, истифодаи ҳадафмандона ва сарфакоронаи маблағҳои ҷудошуда, сифати корҳо ва ҳамкорӣ бо коршиносони байналмилалӣ оид ба ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун ҳисоботи Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута шунида шуд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки тамоми корҳои барқарорсозии иншооти қаблан бунёдёфта ва омодагӣ ба идомаи сохтмон бо сифати баланд ва дар ҳамкорӣ бо коршиносони ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд. Бинобар таъкиди Президенти кишвар,  ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд баръало донад, ки ин иншоот бояд садсолаҳо ба Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат кунад.

Таъкид гардид, ки принсипи шаффофият ва эътимодбахшӣ дар ташхиси байналмилалии техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳа бояд пурра ва бечуну чаро риоя карда шавад.

Ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки истифодаи босамар ва сариштакоронаи ҳар як сомонии маблағҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби саҳмияҳои мардум ҷудошуда таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.