Вакилон ҷиҳати барқарорсозии ҳаракати қатораҳо ба Ӯзбекистон муроҷиат карданианд

Ба рӯзномаи ҷаласаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, масъалаи қабули изҳорот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ворид карда шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, вакилони парлумон ҷиҳати ҳарчи зудтар аз таъмир баровардани пули роҳи оҳан дар […]

Аваз Юлдошев


Ба рӯзномаи ҷаласаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, масъалаи қабули изҳорот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ворид карда шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, вакилони парлумон ҷиҳати ҳарчи зудтар аз таъмир баровардани пули роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг, ки рӯзи 16-уми ноябр аз ҷониби «афроди номаълум» тарконида шуда буд, ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ муроҷиат карданианд.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябри соли равон дар қитъаи роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг такягоҳҳои пули роҳи оҳан хароб гардида, дар натиҷа ҳаракати қатораҳо тавассути ин масир қатъ гардид.

Ин қитъаи роҳи оҳани кишвари ҳамсоя қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо нуқтаҳои берун аз қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.

Бино ба маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»,

айни замон дар қитъаи роҳи оҳани мавзеи Ғалаба-Амузанги Ӯзбекистон ҳудуди 350 адад вагонҳои Тоҷикистон

, ки ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ раҳсипор буданд, мутаваққиф шудаанд. Ин вагонҳо дорои маводи сӯзишворӣ, орд, гандум ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.