Сафари расмии вазири корҳои хориҷии Эрон ба Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ рӯзи 7-уми март бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар назар аст. Ба иттилои […]

Аваз Юлдошев


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ рӯзи 7-уми март бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, аснои сафари вазири корҳои хориҷии Эрон масоили марбут ба рушди муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мавриди истифода қарор додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар рӯдхонаи Вахш, ки бо маблағгузории Эрон бунёд мегардад, анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол» ва оғози сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Айнӣ» дар дарёи Зарафшон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Манбаъ ҳамчунин зикр кард, ки ахири моҳи март ташрифи президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон дар назар аст.

Президенти Эрон ният дорад, ки рӯзи 25-уми март бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, дар чорабиниҳои идона бахшида ба таҷлили Ҷашни байнулмилалии Наврӯз ширкат варзад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.