Мушкилоти обҳои фаромарзӣ бояд тавассути муколама ҳал шавад

Мушкилоти обҳои фаромарзӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки маҷрои асосӣ дар қаламрави як кишварҳову истеъмоли назаррас дар кишварҳои дигар сурат мегирад, хос аст, – гуфт чанде қабл зимни кори мизи гирди сатҳи болоӣ оид ба мушкилоти фаромарзӣ дар Ҳамоиши VI-уми ҷаҳонии об дар Марсел (Фаронса) вазири мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов. Ин мизи […]

Наргис Ҳамробоева


Мушкилоти обҳои фаромарзӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки маҷрои асосӣ дар қаламрави як кишварҳову истеъмоли назаррас дар кишварҳои дигар сурат мегирад, хос аст, – гуфт чанде қабл зимни кори мизи гирди сатҳи болоӣ оид ба мушкилоти фаромарзӣ дар Ҳамоиши VI-уми ҷаҳонии об дар Марсел (Фаронса) вазири мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов.

Ин мизи гирд аз ҷониби ҳайатҳои кишварҳои Тоҷикистон, ИМА ва Зимбабве созмон дода шуд.

«Тоҷикистон ҳудуди 60%-и маҷрои оби баҳри Аралро таъмин карда, ҳамагӣ 10-15% аз ҳаҷми умумии онро барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти худ истифода мебарад», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, чанде аз кишварҳо ба то ҳадди ниҳоӣ истифода намудани захираҳои обӣ дар фасли зимистон барои истеҳсоли барқ ниёзманд буда, кишварҳои дигар ба доштани захираҳои обии кофӣ дар фасли тобистон барои обёрӣ манфиатдоранд.

«Дар чунин вазъ танҳо бо ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайн, ба созиш омадан ва имзои қарордодҳои иҷрошаванда метавон ба натиҷаҳои пурсамар ва рушди устувор ноил гардид», – иброз дошт вазир.

Р.Бобокалонов зикр кард, ки дар минтақа ҳама ба хубӣ аз ин мушкилот огаҳанд ва айни замон ҷараёни такмилу таҳияи механизмҳои мавҷуда ва нав барои идораи устувори захираҳои обӣ дар минтақа идома дорад, ки Тоҷикистон комилан ин равандро дастгирӣ ва омодагии худ ба муколамаву ҳамкорӣ оид ба ин масъалаҳоро изҳор медорад.

Дар маҷмӯъ, гуфт вазир, мавзӯи интихобкардаи иҷлосияи мазкур хеле муҳим аст, зеро ҳавзаҳои обии фаромарзӣ 45%-и қаламрави хушкиро ишғол мекунанд, ки дар он 40%-и аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад ва ноил гардидан ба таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар ин манотиқ аксаран ба идораи оқилонаи захираҳои обӣ вобастаанд.

Бобокалонов муътақид аст, ки дар ин самт нақши калидӣ бояд ба рушди ҳамкории фаромарзии обӣ дода шавад.

«Дар ҷаҳон тамоили рушди муколама ва ҳамкорӣ оид ба масоили об ба мушоҳида мерасад. Об акнун одамонро на ҷудо, балки бештар муттаҳид менамояд. Шурӯъ аз соли 1948 таърих 37 ҳодисаи мухолифати марбут ба масоили об дар ҷаҳонро дар хотир дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин давра ҳудуди 300 созишномаи байнулмилалӣ оид ба масоили об ба имзо расидааст», – афзуд Р.Бобокалонов.

Ҳайати Қирғизистон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти мавҷудаи минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб кард. «Мо дар саргаҳи рӯдхонаҳои Сирдарё ва Амударё қарор дошта, танҳо 10% аз ҳаҷми умумии оби онро истифода мекунем ва 90%-и он дар ихтиёри кишварҳои поёноб аст», – гуфт намояндаи ҳайат.

Ҳайати Қирғизистон низ мутмаин аст, ки танҳо тавассути роҳандозии муносибати комплексӣ ва доимӣ метавон ба ҳамкории дарозмуҳлати кишварҳои минтақа дар ин самт муваффақ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...