Санҷиши ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз

Нахуствазири ҷумҳурӣ, раиси кумитаи тадорукоти омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз Оқил Оқилов машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз котиботи нахуствазир иттилоъ дод, дар машварат аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, кормандони масъули муассисаву ташкилотҳо, Дастгоҳи иҷроияи […]

ASIA-Plus


Нахуствазири ҷумҳурӣ, раиси кумитаи тадорукоти омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз Оқил Оқилов машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз котиботи нахуствазир иттилоъ дод, дар машварат аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, кормандони масъули муассисаву ташкилотҳо, Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ва намояндагони аҳли ҷомеа, ки ба корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз масъуланд, иштирок карданд.

Оқил Оқилов дар назди иштирокдорон оид ба ташкили чорабиниҳои идона дар саросари ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз вазифаҳои мушаххас гузошта, таваччуҳи ҳозиринро ба масъалаи ташкили таҷлили ҷашн дар пойтахт ҷалб намуд, зеро дар ҷашни байнулмилалии Наврӯзи Душанбе аз иштироки як зумра сарони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, диаспораҳои тоҷик аз бисёр давлатҳои ҷаҳон ва аҳли илму фарҳанг интизорӣ меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.