Санҷиши фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи андоз

Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ муддати ду ҳафтаи ахир фаъолияти чанде аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор доданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ хабар дод, кормандони мақомоти андоз маблағҳои воридотӣ ва сарчашмаҳои даромади ҳизбро тафтиш кардаанд. […]

Меҳрангез Турсунзода


Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ муддати ду ҳафтаи ахир фаъолияти чанде аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор доданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ хабар дод, кормандони мақомоти андоз маблағҳои воридотӣ ва сарчашмаҳои даромади ҳизбро тафтиш кардаанд. «Мо то ҳол аз натиҷаҳои ин санҷиш огаҳӣ надорем», – гуфт вай.

Дар навбати худ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар робита ба ин масъала гуфт, ӯ муқобили чунин санҷишҳо нест, вале санҷишгарон «бояд аз ҳадд нагузаранд».

Ба қавли Шабдолов санҷиш натанҳо дар қароргоҳи марказии ҳизб, балки дар намояндагиҳои ҲКТ дар саросари кишвар низ сурат гирифтааст. «Дар баъзе ноҳияҳо талаб кардаанд, ки дар бораи ин ё он аъзои ҳизб маълумоти муфассал пешниҳод шавад, вале ин дархости онҳо рад карда шуд, зеро танҳо Вазорати адлия дар сурати зарурат ба талаб кардани рӯйхат ва робитаҳои аъзои ҳизб ҳуқуқ дорад», – мегӯяд вай.

Шабдолов гуфт, мақомоти тафтишотӣ ҳамчунин ба фаъолияти молиявии ҳизб мароқ зоҳир кардаанд ва дар тааҷҷуб шудаанд, ки чаро дар суратҳисобҳои ҲКТ маблағ вуҷуд надорад. «Мо ба онҳо фаҳмонидем, ки аз минтақаҳо ба суратҳисоб маблағи ночизе ворид мегардад ва ба суратҳисоб гузоштани онро мо лоиқ намедонем, – иброз дошт пешвои коммунистон. – Ҳизби коммунист аз хориҷи кишвар ҳеҷ даромаде надорад, ҳарчанд мавҷуд будани он барои мо осонтар буд. Аммо мо ба он рӯ намеорем, зеро бо чӣ анҷомидани онро ба хубӣ тасаввур мекунем».

Ба гуфтаи Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон, то ҳанӯз дасти кормандони прокуратура ва мақомоти андоз ба санҷиши фаъолияти ҳизби онҳо нарасидааст.

Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Масъуд Собиров дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз дошт, ки собиқ мақомоти раҳбарии ҳизб то ҳанӯз тавозуни муҳосибиро ба роҳбарияти нав насупоридааст ва ҳизб ҳеҷ амалиёти бонкӣ ҳам нагузаронидааст ва аз ин рӯ, санҷиши фаъолияти ҲДТ ҳеҷ маъное надорад. «Онҳо мустақилона тамоми ҳисоботи ҳизбро санҷидаву муқоиса карданд ва бо ҳамин тафтиш ба анҷом расид», – гуфт ӯ.

Ҳамчунин фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ мавриди тафтиш қарор гирифтааст. Хадамоти тоҷикии радои Би-Би-Сӣ бо такя ба суханони узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода хабар додааст, ки фаъолияти ҲНИТ аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи андоз мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...