Васеъ шудани қаламрави Данғара аз ҳисоби шаҳру навоҳии наздик

Date:


Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қарори аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда дар бораи тағйири сарҳадҳои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро якдилона дастгирӣ карданд.

Мувофиқи қарори қабулшудаи палатаи болоии парлумони кишвар, қаламрави ноҳияи Данғара ба андозаи 2 ҳазору 231,5 гектар аз ҳисоби заминҳои шаҳри ба он наздики Сарбанд (887,51 гектар), ноҳияи Ёвон (481,20 гектар) ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (872,79 гектар) васеъ мегардад.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳоди ҳукумат дар бораи тағйири номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Хатлон ва ВМКБ-ро низ дастгирӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, шаҳраки Куйбишев ба шаҳраки Ҷомӣ, деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – Комсомол ба Чорбоғ, Қурултой ба Боқӣ Раҳимзода, Чкалов ба Истиқлол, Агроном ба Нусратулло Махсум, Фрунзе ба Исмоили Сомонӣ, Ударник ба Ганҷина, Политотдел ба Маданият, Заря Востока ба Шаҳристон, Крилов ба Сайроб, Ферма ба Кӯҳдоман, Телман ба Сумбула, Маяков ба Ёсуман, Энгелс ба Зарнисор, Коммунист ба Ваҳдат ва Октябр ба Ҳилолӣ номгузорӣ шуданд.

Ҳамчунин мутобиқи қарори Маҷлиси миллӣ, шаҳраки Ленингради ноҳияи Мӯъминобод ба шаҳраки Мӯъминобод, ҷамоати Туту ба ҷамоати Шоҳин, деҳоти Чумчуқлӣ ба Даҳаначиён, Сарсибулоқ ба Дӯстӣ, Оқҷара ба Навбаҳор, Ҷарчеб-1 ба Рӯдакӣ, Ҷарчеб-2 ба Румӣ, Қипчоқ ба Чашмасор, Шулдуқ ба Бӯстон ва Токабу ба Истиқлолият тағйири ном карданд. Ҷамоати Ҷовиди ноҳияи Ванҷи ВМКБ минбаъд ҷамоати Ҷовидон ном хоҳад дошт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...