Ба қонун «Дар бораи гурезаҳо» тағйирот ворид мегардад

Имрӯз таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи варзиш» ва «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» баррасӣ шуда, онҳо ҷиҳати […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи варзиш» ва «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» баррасӣ шуда, онҳо ҷиҳати баррасии минбаъда ба кумитаву комиссияҳои дахлдори парлумон ирсол гардиданд.

«Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи гурезаҳо» ва «Дар бораи сайёҳӣ» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд», – гуфт манбаъ.

Бо қарори Шӯро ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 29-уми июн дар Душанбе доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.