Таҳияи лоиҳаи Рӯйхати шахсони барои хизматҳои шоиста ба нафақа ҳуқуқдошта

Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати баррасӣ лоиҳаи «Рӯйхати шахсонеро, ки барои хизматҳои шоиста ба Тоҷикистон ба гирифтани нафақа ҳуқуқ доранд», ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустии парлумон Хайринисо Юсуфӣ хабар дод, ба Рӯйхат шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бо орденҳои Иттиҳоди Шӯравиву Тоҷикистон сарфароз гаштаанд ва […]

Аваз Юлдошев


Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати баррасӣ лоиҳаи «Рӯйхати шахсонеро, ки барои хизматҳои шоиста ба Тоҷикистон ба гирифтани нафақа ҳуқуқ доранд», ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустии парлумон Хайринисо Юсуфӣ хабар дод, ба Рӯйхат шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бо орденҳои Иттиҳоди Шӯравиву Тоҷикистон сарфароз гаштаанд ва широни халқӣ , нависандагон, рассомон, ҳунарпешагон ва арбобони шоистаи кишвар шомиланд.

«Ба андешаи мо, ин Рӯйхатро мебояд зиёдтар кард, зеро дар кишвар шахсоне низ зиндагӣ мекунанд, ки тӯли тамоми умри худ софдилона кору хизмат намуда, вале бо орденҳову унвонҳои баланд қадрдонӣ нашудаанд. Масалан, як зумра шахсоне ҳастанд, ки бидуни камбудиҳо солҳо ба вазору идораҳои ҷумҳурӣ роҳбарӣ карда, дар рушди соҳаҳои алоҳидаи кишвар саҳми босазо гузоштаанд», – гуфт Х.Юсуфӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасониро ба мусофирон ва афзоши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.