Нигаронии САҲА аз маҳдудияти дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон

Date:


Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович аз қатъи дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия-Плюс» –

www.news.tj

изҳори нигаронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки ба манъи дастрасӣ ба ин ва дигар сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон хотима дода шавад.

Ёдрас мекунем, ки муддати зиёда аз як шабонарӯз дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон қатъ гардида буд. Имрӯз қисмате аз ширкатҳои фароҳамгари Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаро барқарор намуданд.

Дар изҳороти чанде қабл интишорнамудаи худ Дуня Миятович изҳор доштааст, ки ин тамоили шигифтангез аст, зеро бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон қатъ карда мешаванд.

«Мутобиқи уҳдадориҳо оид ба озодии ВАО, ки кишварҳои узви САҲА ба зимма доранд, шабакаи Интернет бояд сарчашмаи кушоди маълумот бошад. Ҳарчанд масоили таъмини амният муҳим бошанд ҳам, вале онҳо набояд ба ҷараёни пешниҳоди озоди маълумот монеъа эҷод созанд. Одамон барои гирифтани маълумот аз сарчашмаҳои гуногун ва васоити ахбори умум ба инъикоси рӯйдодҳо бояд имконият дошта бошанд», – гуфтааст Миятович.

Дар изҳороти намояндаи САҲА ҳамчунин гуфта мешавад, ҳукуматдорон бояд ба таъмини дастрасӣ ба интернет кафолат дода, ҳарчи зудтар маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи

www.news.tj

ва дигар торнамоҳоро бекор намоянд.

Дар посух ба изҳороти сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи таъсиси як комиссияи махсуси мониторинги маводи интернет, намояндаи САҲА изҳори умедворӣ намудааст, ки ин нақшаҳо ҳадафи полоиши (филтркунии) интернет-контентро дар пай нахоҳанд дошт.

«Дар мактуби худ аз 19-уми июл ба унвони вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ман изҳор кардам, ки намояндагии САҲА оид ба масоили озодии ВАО ба пешниҳоди ташхис оид ба ин масъала ва дигар масоили марбут ба озодии ВАО бо шумули Интернет омода аст», – зикр мегардад дар фарҷоми изҳорот.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...