Тақвияти кӯмаки КБСС ба аҳолии Бадахшон

Имрӯз муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Ив Арнолдӣ ва ҳайати ҳамроҳони вай дидору гуфтугӯ намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон ва вазорату идораҳои дахлдори мамлакат […]

ASIA-Plus


Имрӯз муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Ив Арнолдӣ ва ҳайати ҳамроҳони вай дидору гуфтугӯ намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон ва вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бо ин созмони бонуфуз ва мададрасони байналмилалӣ ва мусоидати парлумони кишвар барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари равобити байни кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Амиршо Миралиев аз фаъолиятҳои густурдаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавқеи худро қариб дар тамоми минтақаҳои кишвари мо бо мақсади омӯзиши ҳолат ва вазъи зиндагии аҳолии ин минтақаҳо ва тартиби расонидани кӯмак ба сокинони минтақаҳои мазкур устувор намудааст.

Роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Ив Арнолдӣ низ аз сатҳи ҳамкориҳои кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, хотирнишон сохт, ки ҳанӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тамоми имконоти мавҷуди равобит мавриди истифода қарор нагирифтаанд ва мо умедвор ҳастем, ки ин мулоқот саҳифаҳои ҳанӯз бознашуда дар китоби таърихи равобити моро боз хоҳад кард.     Ҷаноби Ив Арнолдӣ таъкид кард, ки ба ҳайси роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ аз тамоми имконот ва шароити мавҷудаи корӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.    

Роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ илова намуд, ки баъди ором шудани вазъ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон корро дар минтақаҳои Ишкошим ва Хоруғ беш аз пеш таҳким мебахшанд.     

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.