Коҳиши шумори макотиби олӣ дар Русия ба донишҷӯёни Кӯлоб бетаъсир хоҳад буд

Коҳиши шумори макотиби олӣ дар Русия ба 700 нафар донишҷӯён-технологҳо аз Кӯлоб бетаъсир хоҳад буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи рушди иқтисодӣ ва инноватсияи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб Алмосшо Шоев хабар дод, дар донишгоҳҳои технологӣ ва академияҳои кишоварзии шаҳрҳои Иваново, Воронеж ва Костромаи Русия, ки донишҷӯёни тоҷик тибқи роҳхати филиал асосан дар […]


Коҳиши шумори макотиби олӣ дар Русия ба 700 нафар донишҷӯён-технологҳо аз Кӯлоб бетаъсир хоҳад буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи рушди иқтисодӣ ва инноватсияи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб Алмосшо Шоев хабар дод, дар донишгоҳҳои технологӣ ва академияҳои кишоварзии шаҳрҳои Иваново, Воронеж ва Костромаи Русия, ки донишҷӯёни тоҷик тибқи роҳхати филиал асосан дар ин макотиби олӣ машғули таҳсиланд, дар сохтори худ як қатор навгониҳо ҷорӣ намуда, азнавсозии иловагӣ дар онҳо дигар пешбинӣ намегардад. «Соли равон мо ба ин донишгоҳҳо боз 200 нафар донишҷӯёнро фиристодем», – гуфт ӯ.

Номбурда изҳор кард, ки соли равон 80 нафар донишҷӯёни Кӯлоб ин макотиби олии зикршудаи Русияро хатм намуда, ҳамчунин таҳсили донишҷӯён дар факултаи муштараки Тоҷикистону Русия дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб мувафақона идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки то ахири сол макотиби олиеро, ки фаъолияти пурсамар надоранд, мебояд ошкор сохт ва барномаи азнавсозӣ ё ҳамроҳшавии онҳо ба дигар макотиби олии бузургтарро то моҳи майи соли 2013 таҳия ва тасдиқ намуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.