Дар кори мизи гирд таҳти унвони «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамгиройӣ» дар Душанбе сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов изҳор кард, ки ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ баҳри рушди иқтисоди ҷумҳурӣ манфиати зиёд дошта, муҳимтар аз ҳама ба беҳбуди некӯаҳволи аҳолии кишвар мусоидат мекунад.
«Гарчанде узвияти Тоҷикистон танҳо баъди ҳамроҳшавии Қирғизистон ба он имконпазир бошад ҳам, ба ҳар ҳол, имрӯз дар Тоҷикистон бобати ин масъала баҳсҳои гуногун сурат мегиранд, – гуфт дипломати русиягӣ. – Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки ҷумҳурӣ аз ин бурд мекунад, аммо андешаҳое ҳам мавҷуданд, ки аз оқибатҳои он изҳори нигаронӣ карда мешавад».
Ба андешаи Попов, кофӣ аст хотиррасон намуд, ки шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ бидуни қайд ба ҳузур дар қаламрави Русия ба муддати 30 шабонарӯз ҳуқуқ доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрвандони кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ танҳо муддати 7 рӯз метавонанд дар қаламрави Русия бидуни қайд ҳузур дошта бошанд.
«Барои садҳо ҳазор муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ин масъала хеле муҳим аст», – таъкид кард сафири Русия ва қайд кард, ки «ин масъала барои Тоҷикистон хеле манфиатовар аст».
Сафири Русия хотиррасон намуд, ки аввали моҳи оянда президенти Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Номбурда афзуд, дар чаҳорчӯби ин сафар ҳамчунин баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ дар назар аст.


