Роҳбари «Сомон Эйр» таъин гардидани шаҳрванди хориҷӣ қонунӣ аст?

Чанд рӯз қабл мутахассис аз Британияи Кабир Ллойд Пакстон сарвари ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон таъин шуд. Дар ҳамин ҳол, маълум шуд, ки таъини шаҳрванди хориҷӣ ба мансаби директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ ба муқаррароти Кодекси ҳавопаймоии ҷумҳурӣ мухолифат мекунад. Мувофиқи муқаррароти Кодекси ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳатто дар сурати таъсиси ширкат бо иштироки сармояи хориҷӣ, ба ширкатҳои […]

Меҳрангез Туорсунзода


Чанд рӯз қабл мутахассис аз Британияи Кабир Ллойд Пакстон сарвари ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон таъин шуд. Дар ҳамин ҳол, маълум шуд, ки таъини шаҳрванди хориҷӣ ба мансаби директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ ба муқаррароти Кодекси ҳавопаймоии ҷумҳурӣ мухолифат мекунад.

Мувофиқи муқаррароти Кодекси ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳатто дар сурати таъсиси ширкат бо иштироки сармояи хориҷӣ, ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони тоҷик роҳбарӣ карда метавонанд.

Дар робита ба ин масъала дар Кодекси ҳавопаймоии ҶТ гуфта мешавад, ба таъсиси ширкати ҳавопаймоӣ дар қаламрави Тоҷикистон танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ҳиссаи сармояи хориҷӣ дар сармояи оинномавии ширкат аз 49 фоиз бештар набуда, шумори кормандони хориҷӣ дар ин ширкат на зиёдтар аз се як ҳиссаро ташкил диҳад.

Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки шояд шаҳрванди хориҷӣ ба сифати мушовир ба кор қабул гардида бошад. Ба ҳар ҳол, дар иттилоияи ширкат зикр гардида буд, ки Ллойд Пакстон директори генералии ширкати «Сомон Эйр»таъин шудааст.

Дар Раёсати ҳавопаймоии шаҳрвандии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор дода, сипас шарҳу тавзеҳ хоҳанд дод.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл ҷаноби Ллойд Пакстон ба вазифаи директори генералии ширкати «Сомон Эйр» таъин гардида, дар ин вазифа Алишер Рустамовро, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба вазифаи нав таъин гардидааст, иваз намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.