Президенти Русия ба Душанбе ташриф овард

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олимақомро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт. Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имрӯз ҷараён мегиранд. Зимни гуфтушуниди созанда […]


Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олимақомро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имрӯз ҷараён мегиранд.

Зимни гуфтушуниди созанда маҷмӯи васеи масоили сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Пас аз музокирот ба имзо расидани як зумра санадҳои муҳим доир ба рушди ҳамкории минбаъдаи ду шарики стратегӣ дар назар аст.

Ҳамин тариқ, нимаи имрӯз дар маҷмаии «Кохи миллат» нахуст гуфтушуниди танҳо ба танҳои сарони кишварҳо ва сипас ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб доир мегардад.

Пас аз имзои асноди ҳамкорӣ барои намояндагони васоити ахбори умумии ватаниву хориҷӣ нишасти хабарии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин доир мегардад.

Дар идома тибқи барномаи сафари президент Русия ба Тоҷикистон, Владимир Путин ба пояи лавҳаи ёдгории «Ризоияти миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» – муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.

Интизорӣ меравад, ки нимаи дуюми рӯз президенти Русия аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия боздид намуда, бо мақомот раҳбарии он дидору гуфтушунид мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.