Дархости журналистон бобати таҳқиқи садамаи Искандари Фирӯз


Чанде қабл Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил, «Медиа-алянси Тоҷикистон» ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо як дархост ҷиҳати таҳқиқи ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки журналисти бахши форси хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ба вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов муроҷиат намуданд.

Дар изҳорот созмонҳои хабарнигории ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур шоми 9-уми октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт рух додааст. Тафсилоти воқеа ин аст, ки Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камри» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷониби Қарияи боло ҳаракат мекарданд ва дар наздикии Боғи ҳайвонот бо автомошинаи тамҒаи «Ландкрузер», ки аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар як соат ҳаракат мекард, бархӯрд ба амал омад.

«Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки пас аз ин садама ронандаи «Ландкрузер» фирор кардааст ва то ҳол аз ӯ хабаре нест. Кормандони БДА бевосита пас аз садам, эътироф карданд, ки ҳодиса бо айби ронандаи «Ландкрузер» рух додааст, аммо рӯзи дигар онҳо назари худро тағйир дода, мавриди тартиби протоколи рафти ҳодиса Искандари Фирӯзро гунаҳгор медонанд», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар идома гуфта мешавад, чунин рафти таҳқиқ воқиан ҳам нигаронкунанда аст, зеро нисбати мунсифияти таҳқиқот ва муқаррар намудани ҳақиқати ҳол шубҳа эҷод мекунад.

«Бинобар ин, созмонҳои журналистӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш доранд, ки тафтишоти ҳодисаи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дода, ҷиҳати воқеъбинона ва мунсифона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ў ҳамаҷониба мусоидат намоед», – зикр мегардад дар фарҷоми изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, аз Маркази миллии тиббӣ дар робита ба ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то ҳанӯз вазъи солимии Искандари Фирӯз хеле вазнин буда, ӯ дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное