Маърӯзаи раиси ҲНИТ дар Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ фардо, рӯзи сешанбе, дар Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон назди омӯзгорону донишҷӯён ва коршиносону намояндагони ВАО суханронӣ хоҳад кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳаит хабар дод, дар маърӯзаи худ Муҳиддини Кабирӣ доир ба вазъи сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дурнамои рушди он ибрози […]


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ фардо, рӯзи сешанбе, дар Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон назди омӯзгорону донишҷӯён ва коршиносону намояндагони ВАО суханронӣ хоҳад кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳаит хабар дод, дар маърӯзаи худ Муҳиддини Кабирӣ доир ба вазъи сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дурнамои рушди он ибрози назар хоҳад намуд. «Сафари раиси ҲНИТ ба ИМА бо даъвати Пажӯҳишгоҳи Аврупо, Русия ва Осиёи Марказии Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон сурат гирифта, то ахири ҳафтаи равон идома меёбад», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди раиси ҲНИТ бо ёвари котиби давлатии ИМА Роберт Блейк, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва вохӯриҳои ӯ бо донишҷӯёни тоҷики муқими ИМА ва намояндагони диаспораҳои тоҷик дар назар аст.

Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон (The George Washington University, GWU)  донишгоҳи таҳқиқотии хусусӣ дар Вашингтон, ҳавзаи Колумбия аст. Донишгоҳ 9-уми феврали соли 1821 бо қарор Сенати ИМА таъсис дода шуда, яке аз бузургтарини мактабҳои олӣ дар пойтахти ИМА ба шумор меравад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.