Ҳузури намояндаи минтақавии СММ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

Чанде қабл дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (ЮНОДК) Александр Сичёв доир гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, муовини вазир аз сатҳи ҳамкориҳои ЮНОДК бо мақомоти дахлдори кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, барои мусоидат дар таҳкими […]


Чанде қабл дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (ЮНОДК) Александр Сичёв доир гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, муовини вазир аз сатҳи ҳамкориҳои ЮНОДК бо мақомоти дахлдори кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, барои мусоидат дар таҳкими иқтидори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, татбиқи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ миннатдорӣ намуд. Низомиддин Зоҳидов диққати Александр Сичёвро ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи сарҳад ва ҷабҳаҳои иҷтимоии мубориза бо маводи мухаддир, ки метавонад дар афзудани ҳамкориҳо мусоидат кунад, ҷалб намуд.

Дар ин маврид Александр Сичёв фаъолияти мақомоти зиддимухаддири Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, аз ҳамкориҳои самарабахш дар татбиқи барномаҳои ЮНОДК дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Қайд карда шуд, ки ЮНОДК дар самти таҳкими ҳифзи сарҳадоти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон диққати хоса медиҳад. Зимни вохӯрӣ, Намояндаи минтақавӣ оид ба чорабиниҳои пешбининамуда ва ҳамкориҳои минбаъда бо Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.