Ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди президент оид ба сармоягузорӣ

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулини вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони хориҷии рушд иштирок доштанд. Дар оғози ҷаласа ду нафар аз […]


Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулини вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони хориҷии рушд иштирок доштанд.

Дар оғози ҷаласа ду нафар аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ – Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кафолат» Музаффар Саймуддинов – ва Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Даврон» Баҳром Рустамов ба узвияти Шӯрои машваратӣ пазируфта шуданд.

Сипас гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов оид ба рафти иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ шунида шуд.

Таҳия ва қабули Кодекси нави андоз ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, ки бо ҷалби васеи сохторҳои масъули давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, шарикони хориҷии рушд ва аҳли ҷомеаи кишвар сурат гирифт, аз самараҳои хуби фаъолияти Шӯро дар соли равон номида шуд. Зикр гардид, ки барои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва пешниҳод шудааст.

Доир ба ин масъала, ҳамчунин намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Улф Ҳиндстром ва Роҳбари Иттифоқи ассотсиатсияҳои соҳибкории вилояти Суғд Масъуда Тураева сухан гуфта, аз пешрафти ботадриҷи корҳо дар самти беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ изҳори қаноат карданд.

Муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа буд. Ин кор аз ҷониби Роҳбари Маркази дастгирӣ ва ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе Миралӣ Қодиров анҷом ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин самт тадбирҳои зиёд анҷом ёфтаанд, вале онҳо ҳанӯз нокифояанд, зеро то ҳол санҷиши субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла барои соҳибкорон мураккаб ва гарон боқӣ мондааст.

Дар ин бора, ҳамчунин Намояндаи Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ Штефан Эрбер изҳори андеша намуд.

Доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Суғд, ки масъалаи сеюми ҷаласа буд, Раиси ин вилоят Қоҳир Расулзода гузориш дод. Бунёди 66 корхонаи хурди хусусии истеҳсолӣ дар соли 2011 ва 100 адади дигар бо 6 ҳазор ҷойи корӣ дар соли 2012 натиҷаи ҳамкории хуби сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дар вилояти Суғд номида шуд.

Зимни муҳокимаи лоиҳаи Рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯро масъалаи беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ба он ворид карда шуд.

Дар фароварди ҷаласа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ба сохторҳои масъули давлатӣ доир ба беҳсозии минбаъдаи фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, ташкили дурусти шарикии миёни давлат ва бахши хусусӣ, содда намудани расмиёти соҳаҳои андоз, гумрук, иҷозатдиҳӣ, санҷишҳои молиявӣ, содироту воридоти молу маҳсулот ва ғайра дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки Фонди дастгирии давлатии соҳибкории хурди хусусии истеҳсолӣ таъсис дода шавад. Таъкид гардид, ки ба ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ ахбори Раиси Шӯрои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.