Паёми табрикии сарвари давлат ба муносибати Иди Қурбон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик кард. Дар паёми табрикотии худ сарвари давлат тамоми шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки мувофиқи имкон ба камбизоатону ниёзмандон дасти ёрӣ дароз намоянд. Дар паём зикр мегардад, ки талқини арзишҳои инсондӯстиву инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, аёдати хешу ақрабо, поси хотири гузаштагон, […]


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик кард.

Дар паёми табрикотии худ сарвари давлат тамоми шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки мувофиқи имкон ба камбизоатону ниёзмандон дасти ёрӣ дароз намоянд.

Дар паём зикр мегардад, ки талқини арзишҳои инсондӯстиву инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, аёдати хешу ақрабо, поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру саховат ба дармондагону эҳтиёҷмандон аз сифатҳои беҳтарини мусулмонон дар ин рӯз мебошад, ки ин ҳама ба таҳкими меҳру муҳаббат ва рафоқат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа боис мегарданд.

«Даъват ба ҳамзистии осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ яке аз фазилатҳои Иди мубораки Қурбон мебошад, зеро мусулмонон аз гӯшаҳои гуногуни олам ба Маккатуллоҳ омада, бо ҳам дӯстиву рафоқат барқарор ва табодули афкор менамоянд, аз мушкилоту дастовардҳои ҳамдигар огоҳ мешаванд ва фарзиёти маънавию маросими Ҳаҷро иҷро мекунанд. Имрӯзҳо беш аз шашу ним ҳазор нафар ҳамватанони мо ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гашта, фаризаи ҳаҷро адо менамоянд», – баён мегардад дар паём.

Дар паём Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки аз замони қадим то ба имрӯз мардуми тоҷик пайрави мазҳаби ҳанафии дини ислом буда, бо афкори созанда, ҳамзистии мусолиматомез ва ҳамсоягии неку солим дар сарзамини аҷдодии худ кору зиндагӣ доранд, вале дар баробари ин, дар шароити кунунӣ доираҳои муайяни сиёсӣ ва байналмилалӣ дар таҳти шиорҳои муқаддаси дини мубини ислом вазъияти умумии олами исломиро ноором сохта, дурнамои тараққиёти онро бисёр ташвишовар намуда истодаанд.

«Бо назардошти ин, ҷомеаи мо, бахусус насли ҷавону ояндасози миллатро зарур аст, ки дар баробари шукргузорӣ аз фазои сулҳу оштӣ, инчунин зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими боз ҳам бештари Ваҳдати миллӣ ва ҳамдиливу ягонагии комили мардум беш аз пеш кӯшиш намоянд», – омадааст дар паём.

Ёдрас мекунем, ки соли равон Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми октябр таҷлил мегардад. Мувофиқи қарори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ, соати 8-и субҳи ин рӯз дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар намози ид гузаронида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.