Дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ваҳдати уммати исломӣ: Чолишҳо ва имкониятҳо ва накшаи роҳ» (рӯзҳои 11-12-уми ноябр) дар Исломобод як ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ширкат варзид.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, зимни суханронӣ дар конфронс М.Кабирӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоил ва мушкилоти ҳамкориҳои кишварҳои ҷаҳони ислом дар бахшҳои иқтисоду коммуникатсия ва фарҳангу тиҷорат ҷалб намуд.
«Раиси ҲНИТ инчунин пешниҳод намуд, ки як иттиҳоди байналмиллалии ҳизбу ҳаракатҳои дорои платформаи исломӣ ташкил гардад, то ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ тавонанд аз таҷрибаи якдигар барои хидмати беҳтар ба миллатҳояшон истифода баранд», – гуфтанд дар қароргоҳи ҳизб.
Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ М.Кабирӣ таъкид дошт, ки яке аз сабабҳои асосии фаъол шудани ифротгароҳои динӣ ва дунявӣ дар ҷаҳони ислом ва ба низоъ кашидани ҷомеъаҳо, ин ақибнишинии нерӯҳои муътадили динӣ ва дунявӣ мебошад, ки бо ҳам ҳамкорӣ надоранд ва майдонро ба ифротгароҳо додаанд.
«Вақти он расидааст, ки нерӯҳои муътадили исломӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ибтикорро ба даст бигиранд ва нагузоранд, ки ислому мусалмононро танҳо гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ ё дунявӣ муаррифӣ намоянд», – иброз дошт раиси ҲНИТ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҳошияи иштирок дар кори конфронс ҳайати ҲНИТ бо роҳбарони ҳайатҳои Туркияву Малайзия ва Афғонистону Покистон, шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳони ислом ва донишҷӯёни тоҷики муқими Покистон низ вохӯриву гуфтушунидҳо анҷом дод.





