Дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Зимни суханронӣ дар он раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов изҳор кард, ки иҷлосия замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ доир гардида, имрӯз мебояд боз борҳо сари натоиҷ ва бурду бохти кишвар пас аз он андеша намуд.
«Дастовардӣ аслӣ расидан ба сулҳу субот дар кишвар буда, минбаъд ҳатман ба фатҳи қуллаҳои нав муваффақ хоҳем шуд», – гуфт ӯ.
Ба чор нафар вакилони иҷлосияи таърихӣ ва ҳамчунин ғолибони озмуни кӯча, маҳалла ва ҷамоати беҳтарин аз ҷониби раиси шаҳр мукофотпулиҳо тақдим гардиданд.
Ба ин муносибат дар Кохи фарҳанг бо иштироки овозхонони маъруф Сурайёи Қосим ва духтарони ӯ Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед ва Гулчеҳра Қосимова консерт баргузор шуд. Шомгоҳон дар боғи ба номи Исмоилии Сомонӣ маросими ақди никоҳи чор ҷуфти навхонадорон ва тӯйи хатнаи 20 нафар кӯдакон ташкил карда шуд.
Чорабиниҳои ҷашнӣ имрӯз бо мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти таъиноти гуногун ба итмом мерасанд.





