Қатъи кори 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон

То 1 октябри соли равон наздики 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон хотима бахшиданд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра фаъолияти 209 ҳазор соҳибкори дорои патент, 43,3 ҳазор соҳибкори дорои шаҳодатнома ва 7,5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ қатъ шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумори соҳибкорони фаъолияташон қатъшуда қариб […]

То 1 октябри соли равон наздики 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон хотима бахшиданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра фаъолияти 209 ҳазор соҳибкори дорои патент, 43,3 ҳазор соҳибкори дорои шаҳодатнома ва 7,5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ қатъ шудааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумори соҳибкорони фаъолияташон қатъшуда қариб 11% ё худ 25,6 ҳазор афзудааст.

Ба ҳолати 1-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ 553,1 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ сабтином шудаанд, ки 313,6 ҳазор бо патент ва 77,7 ҳазор аз рӯйи шаҳодатнома фаъолият карда, 161,9 ҳазорашон хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, танҳо 293,4 ҳазор соҳибкори инфиродӣ машғули коранд.

Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ байни соҳибкорони инфиродии фаъолиятдошта 52,6%, соҳибкорони дорои патент – 35,6% ва бо шаҳодатнома амалкунанда – 11,7%-ро ташкил медиҳад.

Шумори бештари соҳибкорони инфиродии дар кишвар фаъолиятдошта – 36,8% (аз теъдоди умумӣ) ба вилояти Суғд, 31,5% – вилояти Хатлон, 18,5% – ноҳияҳои тобеи марказ, 11,9% – шаҳри Душанбе ва 1,3% – ба ВМКБ рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.