Хуршед Фозилов бо моддаи 307 гумонбар дониста мешавад

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки 6-уми март дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос дастгир шуд, бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар шудааст. Хуршед Фозилов ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад. Хушбахт Фозилов, бародари […]

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки 6-уми март дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос дастгир шуд, бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар шудааст.

Хуршед Фозилов ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад.

Хушбахт Фозилов, бародари рӯзноманигор имрӯз, зимни суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки ӯ ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар аст.

“Бо бародарам дар ҳузури вакили дифоъ чанд дақиқа суҳбат кардам. Аз саломатиаш шикоят накард, ҳамчунин осори шиканҷа ҳам дида намешуд. Мақомот Хуршедро бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) муттаҳам кардаанд. Ҳоло вакили мудофеъ машғули ҳимояи ҳуқуқии бародарам аст”, – гуфт Хушбахт Фозилов.

Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз се то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

То ин лаҳза мақомот қазияи боздошт ва иттиҳоми Хуршед Фозиловро расман шарҳ надодаанд ва кӯшишҳои мо ҳам барои дастрас кардани шарҳи бештар бесамар анҷомид. То ҳол маълум нест, ки дар кадом замина алайҳи ӯ бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи конун нафари боздоштшуда, аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Ӯро чанд сол пеш, ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар, дар яке аз барномаҳои телевизони Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори сомонаи хабарии “Ахбор” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) нишон дода буданд.

Қаблан, соли 2022 чор журналисти дигар тоҷик ҳам боздошт ва маҳз бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати аз 7 то 10 сол равонаи зиндон шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.